Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Адвокат: Зайд Саидов иттиҳоми таҷовуз ба номусро қабул накард
Главная > Тоҷикистон, Қазияи Зайд Саидов, Сиёсат > Адвокат: Зайд Саидов иттиҳоми таҷовуз ба номусро қабул накард

Адвокат: Зайд Саидов иттиҳоми таҷовуз ба номусро қабул накард


18 июл 2013, 18:09. Разместил: administrator
Зайд Саидов, раҳбари боздоштшудаи гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав иттиҳоми нави Оҷонсии зидди фасод дар бораи таҷовуз ба номусро рад кардааст. Дар ин бора Исҳоқ Табаров, яке аз вакилони мудофеи оқои Саидов, ба “Озодагон” хабар дод.

Вай гуфт, Зайд Саидов дар посух ба суоли муфаттишони Оҷонсӣ гуфтааст, духтареро, ки аз болои ӯ ба иттиҳоми таҷовуз ба номус шикоят бурдааст, намедонад ва робита ҳам надоштааст.

Ба гуфтаи вакили мудофеъ, ахиран духтаре ҳамроҳи модараш ба Оҷонсии зидди фасод нома навиштаанд, ки гӯиё дар соли 2008 Зайд Саидов ба номуси ин духтар таҷовуз кардааст. “Ҳанӯз дар ин бора айб эълон нашудааст. Дар ҳоли ҳозир ин танҳо пешниҳод барои оғози парванда аст”,-афзуд ӯ.

Исҳоқ Табаров гуфт, “ин иттиҳом ба ақли солим дуруст намеояд. Дар тӯли ду моҳе, ки Зайд Саидовро аз наздик мешиносем, ҳеч тасаввур карда наметавонем, ки ин ҷиноятро ӯ содир карда бошад. Ин тӯҳматномае беш нест.”

Вай афзуд, мақомот барои исботи ин иттиҳом алайҳи Зайд Саидов дар даст далели кофӣ надоранд. “Ин категорияи ҷиноятҳои бисёр нозук аст. Агар ин воқеа бар хилофи хоҳиши ҷабрдида сурат гирифта бошад, бояд дар бадани ӯ осеб монда бошад. Аз ин ҳодиса панҷ сол гузаштааст, онҳо тоза шикоят мекунанд. Бо чӣ далел?”,-илова кард Табаров.

Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав”, як моҳ баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ, субҳи 19-уми май боздошт шуда, айни ҳол дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ нигоҳдорӣ мешавад. Қаблан мақомот алайҳи Саидов иттиҳомот ба сӯистифода аз мансаб, пора, қаллобӣ ва бисёрзанӣ пеш гузошта буданд.

Вернуться назад