Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Стадионсозиҳои Зуҳуров мактуб дар мавриди Ютубро беҷавоб гузоштааст?
Главная > Тоҷикистон, Иқтисодӣ, Тема дня > Стадионсозиҳои Зуҳуров мактуб дар мавриди Ютубро беҷавоб гузоштааст?

Стадионсозиҳои Зуҳуров мактуб дар мавриди Ютубро беҷавоб гузоштааст?


19 август 2013, 09:33. Разместил: hd
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба мактуби Анҷумани ширкатҳои дастраскунандаи интернет дар мавриди фароҳам кардани дастрасӣ ба Ютуб дар кишвар посух надодааст.

Асомуддин Атоев, раиси ин анҷуман, имрӯз, 19-уми август, дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, "чанд маротиба ба Хадамоти алоқа сари ин масъала муроҷиат кардем, аммо бо баҳонаи набудани раис ва дигар нафарони масъул ҷавоби мактубро намедиҳанд.”

Номбурда иброз медорад, ки ҳоло масъулини ин хадамот серкор менамоянд, машғули сохтмони стадион буда, шояд барои ҷавоб гардондан барои мактуб вақт намеёбанд.

Шабакаи Ютуб дар нимаи дувуми моҳи майи соли ҷорӣ, дар пайи пахши видеои тӯйи Рустами Эмомалӣ, писари президент Раҳмон, дар Тоҷикистон баста шуд.

Дар пайи баста шудани шабакаи мазкур Асомуддин Атоев, раҳбари Анҷумани ширкатҳои дастраскунандаи Интернет, иброз намуда буд, ки ба Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқа ва котиботи Шӯро оид ба ТИК-и назди раисиҷумҳури Тоҷикистон номае ирсол кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, дар ин нома таъкид шудааст, ки “табдил додани Тоҷикистон ба кишвари пешқадами электронӣ яке аз ҳадафҳои фаннии давлатӣ буда, масдуд шудани баъзе сомонаҳо ба манфиати кишвар нест.”
31-уми июли соли равон Татяна Холмуродова, муовини раиси Хадамоти алоқа, ба хабарнигорон гуфт, онҳо аз масдуд шудани Ютуб хабар надоранд.

Ҳоло аксари сокинони кишвар тавассути филтршиканҳо ба ин шабака ворид мешаванд ва наворҳои мавриди назарашонро тамошо мекунанд.

Дар АКС Бег Зуҳуров, сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон


Вернуться назад