Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > 19 шаҳрванди Қазоқистон намехоҳанд аз Сурия берун оянд
Главная > Қазоқистон > 19 шаҳрванди Қазоқистон намехоҳанд аз Сурия берун оянд

19 шаҳрванди Қазоқистон намехоҳанд аз Сурия берун оянд


29 август 2013, 16:15. Разместил: CV
Вазорати умури хориҷии Қазоқистон аз боқӣ мондани беш аз 15 шаҳрванди ин кишвар дар Сурия хабар медиҳад.

Ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷии Қазоқистон, айни ҳол 19 нафар шаҳрвандони ин кишвар дар Сурия ҳузур дошта, хоҳиши тарки Димишқро надоранд.

Манбаъ мегӯяд, ин 19 нафар занҳои қазоқ ва фарзандони онҳо мебошанд, ки бо шаҳрвандони Сурия издивоҷ кардаанд ва шояд далели аз ин кишвар берун нарафтани онҳо низ дар ин бошад.

Инчунин гуфта мешавад, намояндагони Сафорати Қазоқистон дар Сурия низ аз Димишқ бароварда шудаанд.

Бар асоси ин гузориш, то печида шудани вазъ дар Сурия 220 шаҳрванди Қазоқистон дар онҷо зиндагӣ мекардаанд.

Вернуться назад