Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Дархости Иттиҳоди мусулмонон аз Вазорати маориф
Главная > Қазоқистон > Дархости Иттиҳоди мусулмонон аз Вазорати маориф

Дархости Иттиҳоди мусулмонон аз Вазорати маориф


3 сентябр 2013, 14:15. Разместил: CV
Иттиҳоди мусулмонони Қазоқистон хостори барканор шудани ректори Донишгоҳи миллии ин кишвар бо номи “ал-Форобӣ”шудааст.

Ба итилои расонаҳои қазоқӣ, Мурод Телибеков, раиси Иттиҳоди мусулмонони Қазоқистон, Галимкаир Мутанов, ректори Донишгоҳи “ал-Форобӣ”и ин кишварро дар асардӯздӣ айбдор мекунад.

Телибеков аз Аслан Саринжипов, ки чанде қабл вазири маорифи Қазоқистон таъйин шуд, хостааст, ба ҷои Мутанов донишманди маъруфи қазоқ Геннадия Гамарникро ректори донишгоҳи мазкур таъйин кунад.

Раиси Иттиҳоди мусулмонони Қазоқистон мегӯяд, имрӯз замоне расидааст, ки сари мансаб шахсони бо таҷриба ва барои мардум хидматкарда оянд. Ӯ гуфтааст, на бояд дигар дар мақомҳои баланди давлатӣ афродеро гузошт, ки ҳеч маъруфият ва манзалате назди мардум надоранд.

Маврид ба зикраст, ки Аслан Саринжипов иҷрокунандаи раҳбарии Шӯрои иҷроияи Донишгоҳи “Назарбоев” вазири маорифи Цазоцистон интихоб шуд.

Вернуться назад