Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > “Профсоюз” ҳам номзадии Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ кард
Главная > Тоҷикистон, Сиёсат > “Профсоюз” ҳам номзадии Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ кард

“Профсоюз” ҳам номзадии Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ кард


24 сентябр 2013, 10:32. Разместил: administrator
Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ё “Профсоюз”, ки як ниҳоди ҷамъиятист, номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба мақоми президентӣ пешбарӣ кард ва гуфт, то лаҳзаи охир бо ӯ хоҳад монд. Ин тасмим дар Анҷумани 21-уми вакилони Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон, ки рӯзи 24-уми сентябр баргузор гардид, гирифта шуд.

Муродалӣ Солеҳов, ки аз соли 1987 то кунун раёсати Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи Тоҷикистонро бар дӯш дорад, ҳангоми суханронияш номзадии оқои Раҳмонро дар миён гузошта, аз 235 вакил хост, то назару номзади худро пешниҳод кунанд. Аммо вакилон гуфтанд, онҳо нафари дигари шоистае ба мақоми президентӣ надоранд ва ба ин тартиб Эмомалӣ Раҳмонро бидуни алтернатива номзади худ интихоб намуданд.

Аз ин пештар, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунуниро бидуни алтернатива номзади худ эълон карда буд. Ин пешниҳод аз забони Мавзуна Чориева, муштзани шинохтаи тоҷик ва барандеи медали биринҷии Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2012 дар Лондон, садо дод ва аз тарафи вакилони Иттифоқи ҷавонон пазируфта шуд.

Эмомалӣ Раҳмони 61-сола то кунун дар се интихоботи президентии Тоҷикистон иштирок карда, бар рақибонаш пирӯз омадааст. Вай дар маҷмӯъ, 21 сол боз зимоми қудрат дар Тоҷикистонро дар даст дорад ва дар сурати пирӯз омданаш дар интихоботи шашуми ноябри соли ҷорӣ ҳафт соли дигар ба курсии президентӣ такя хоҳад зад. Вай зодаи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон буда, соҳиби нӯҳ фарзанд аст.

Вернуться назад