Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Ҳимояти ҷанговарон аз номзадии Раҳмон дар интихоботи 6 ноябр
Главная > Тоҷикистон, Сиёсат, Интихобот - 2013 > Ҳимояти ҷанговарон аз номзадии Раҳмон дар интихоботи 6 ноябр

Ҳимояти ҷанговарон аз номзадии Раҳмон дар интихоботи 6 ноябр


6 октябр 2013, 15:16. Разместил: MG
Шӯрои Кумитаи кор бо ҷанговарони интернатсионалисти Тоҷикистон бо нашри як муроҷиатнома аз мардуми кишвар хостааст дар интихоботи президентии моҳи ноябр ба ҷонибдорӣ аз Эмомалӣ Раҳмон, райисҷумҳури феълӣ овоз диҳанд.

Дар ин муроҷиатнома, ки торнамои “Ховар” нашр кардааст, аз ҷумла гуфта мешавад, “таҳаввулоту дигаргуниҳои куллии дар ҳаёти давлату миллати мо дар мӯҳлати нисбатан кӯтоҳи таърихӣ, 22-соли соҳибистиқлолӣ, бадастомада нишонгари онанд, ки мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтарин номзад ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Барои исботи ин андешаҳо саҳифаҳои таърихи навини Тоҷикистонро варақ зада мебинем, ки мо кӣ будему, кӣ шудем. Ҳамаи душвориҳои ниҳоят вазнинро бо сарварии мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паси сар кардем ва ба рӯзҳои неку ҳаёти шукуфон ноил гардидем”.

Ҷанговарони интернатсионалист гуфтаанд, онҳо, ки аз кӯраи ҷанги даҳшатбори таҳмилии Афғонистон гузаштаанд, дар Ватани худ рӯзҳои вазнинтарину фоҷиабори солҳои аввали 90-ми асри гузаштаро нағз дар хотир доранд: "Бо айби душманони миллати тоҷик бародар бо бародар, падар бо писар силоҳ кашида, ҷанги бемаънии бародаркушӣ вусъат ёфт”.

Дар муроҷиатнома гуфта мешавад, Тоҷикистони навбунёд ба киштии оташгирифтаи даруни баҳри беканор монанд буд ва хавфи аз харитаи ҷаҳон несту нобуд гардидан онро таҳдид мекард: “Мардум ба фардои худ боварӣ надоштанд. Садҳо ҳазор нафар ҳамватанони мо ба давлатҳои Афғонистон, Покистон, Эрон ва ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ фирорӣ шуданд. Дар чунин шароити вазнину роҳи сарбаста як қуввае лозим буд, ки мӯъҷиза офараду бародарро бо бародар оштӣ диҳад, ба ҷанги хонумонсӯз хотима гузорад, халқи парокандаи тоҷикро сарҷамъ намуда, сулҳу амониро барқарор созад. Хушбахтона, ба бахти миллати тоҷик чунин шахси мӯъҷизакор пайдо шуд. Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ақлу хиради худододи худ ҷони худро ба каф гирифта, дар ҳассостарин лаҳзаҳои пурхавфу хатар тадбирҳо андешида, шабу рӯз кору пайкор намуда, халқи азияткашидаи тоҷикро аз ин вартаи сарбастаю пурхавфу хатар наҷот дод”.

“Мо, ҷанговарони интернатсионалисти ҷумҳурӣ, ҳеҷ шубҳае надорем, ки мақсаду вазифаҳои ба миён гузоштаи Эмомалӣ Раҳмон дар амал ҷорӣ мегарданду сатҳи зисту зиндагонии мардуми мо ба зинаҳои боз ҳам баландтар бардошта мешавад. Хизматҳои барҷастаи мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар назди миллати тоҷик ва тамоми мардуми Тоҷикистон ба назар гирифта, мо, ҷанговарони интернатсионалисти ҷумҳурӣ кулли интихобкунандагонро даъват менамоем, ки дар рӯзи интихобот ба тарафдории номзади беҳтарину арзандаи халқ, шахси мӯъҷизакору хирадпеша, сиёсатмадори арсаи ҷаҳонӣ Эмомалӣ Раҳмон якдилона овоз диҳанд”,-омадааст дар муроҷиатнома.

Чоруми октябр Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар анҷумани 11-уми худ Эмомалӣ Раҳмонро ба унвони номзади худ дар интихоботи қарибулвуқӯъ интихоб кард. Пз ин пеш номзадии Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи вакилони Иттифоқи ҷавонон ва ҳамчунин Федератсияҳои мустақили Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон пешниҳод шуда буд.

Вернуться назад