Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Нозирони ИДМ мегӯянд, дар ҷараёни интихобот хотирбинӣ намекунанд
Главная > Тоҷикистон, Сиёсат, Интихобот - 2013 > Нозирони ИДМ мегӯянд, дар ҷараёни интихобот хотирбинӣ намекунанд

Нозирони ИДМ мегӯянд, дар ҷараёни интихобот хотирбинӣ намекунанд


11 октябр 2013, 12:17. Разместил: CV
Ҳайати нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) мегӯянд, ба ҳеч ваҷҳ ба ҷараёни интихоботи президентии Тоҷикистон дахолат нахоҳанд кард. Ин ҳайати 15-нафарӣ бо даъвати Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба Душанбе омада ва шаҳодатномаи нозирии худро аз Кумисюни марказии интихобот дарёфт намудааст.

Владимир Горкун, муовини аввали дабири кулли Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) ва узви ин гуруҳ рӯзи 11 октябр зимни нишасти хабарие дар Душанбе гуфт, ситоди онҳо ба сиёсати Тоҷикистон дахолат намекунад ва танҳо вазифаи хешро бар асоси қонун иҷро хоҳад кард: “Ба мо фарқ надорад, ки кори мо ба ягон нафар маъқул мешавад ё не. Қонуни интихобот ҳамин аст ва мо барои назорати он ҷалб шудаем.”

Оқои Горкун афзуд, ҳайати онҳо дар аввал раванди таблиғотии номзадҳо ба мақоми президентиро назорат карда, матолиби расонаҳо марбут ба интихоботро низ таҳлилу баррасӣ хоҳад намуд. Ӯ мегӯяд, инчунин ба гуруҳи кории онҳо дар рӯзи интихобот зиёда 150 нафар ҷалб карда хоҳанд шуд: “Ба ғайр аз нозироне, ки аз хориҷ омадаанд, дипломатҳои дар Тоҷикистон ҳузурдошта низ интихоботи ин кишварро назорат мекунанд.”

Интихоботи президентии Тоҷикистон рӯзи шашуми ноябри соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд. Раванди ин интихоботро ҳудуди 700 нозири хориҷӣ назорат мекунанд. То кунун ҳайати нозирони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо низ вориди Тоҷикистон шуда, ба кори худ оғоз бахшидаанд. Онҳо низ гуфта буданд, ҳадафашон дахолат ба ҷараёни интихобот нест.

Бо ин ҳол, ҳайати 15-нафарии нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мегӯянд, онҳо хулосаву бардоштҳояшонро аз интихобот танҳо 7 ноябр эълон хоҳанд кард. Дар интихоботҳои гузаштаи Тоҷикистон низ нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок карда, онҳоро бар хилофи нозирони САҲА демокративу шаффоф хонда буданд.

Вернуться назад