Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Дар назди бозори Бирюлёво наздики 2 000 ҳуҷрае ошкор шуда, ки муҳоҷирон ғайриқонунӣ дар қайд гузошта шудаанд
Главная > Хабарҳои ҷаҳон > Дар назди бозори Бирюлёво наздики 2 000 ҳуҷрае ошкор шуда, ки муҳоҷирон ғайриқонунӣ дар қайд гузошта шудаанд

Дар назди бозори Бирюлёво наздики 2 000 ҳуҷрае ошкор шуда, ки муҳоҷирон ғайриқонунӣ дар қайд гузошта шудаанд


23 октябр 2013, 14:49. Разместил: MG
Пулиси Маскав мегӯяд, наздик ба 2 ҳазор ҳуҷраеро дар назди бозори Бирюлёво ошкор кардааст, ки дар онҳо муҳоҷирони корӣ ғайриқонунӣ дар қайд гузошта шудаанд.

Владимир Колоколтсев, раҳбари ВКД-и Русия гуфтааст, "ин як таззод аст, вақте як қисмати мардум алайҳи теъдоди зиёди муҳоҷирони корӣ эътироз мекунанд, аммо қисмати дигар дар ҳамин ҳол ҳуҷраҳои худро ба ба онҳо иҷора медиҳанд".

Ба гуфтаи ӯ танҳо дар атрофи бозори Бирюлёво "давоми чанд моҳи ахир кормандони пулис ҳудуди 2 ҳазор чунин ҳуҷраҳо ошкор кардаанд”.

Колоколтсев гуфтааст, бояд бақайдгирии муҳоҷирон аз рӯи суроғаҳои ҳуқуқӣ манъ карда шавад. Дар ҷаласаи Думаи давлатӣ вай изҳор дошта, ки “корфармоҳо дар Русия муваззафанд, ки кормандонро бо манзил таъмин ва ҷои буду боши онҳоро расман сабт намоянд”.

Вернуться назад