Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > "Ҷанговарон"-и қазоқ дар Сурия аз ҳаққи шаҳрвандӣ маҳрум мешаванд?
Главная > Қазоқистон > "Ҷанговарон"-и қазоқ дар Сурия аз ҳаққи шаҳрвандӣ маҳрум мешаванд?

"Ҷанговарон"-и қазоқ дар Сурия аз ҳаққи шаҳрвандӣ маҳрум мешаванд?


23 октябр 2013, 15:15. Разместил: CV
Дар Қазоқистон мехоҳанд, ҳар шаҳрванди ин кишварро, ки дар нооромиҳои дохилии Сурия иштирок дорад, аз ҳаққи шаҳрвандӣ маҳрум кунанд.

Ба иттилои расонаҳои қазоқӣ, Сергей Пешимов, раҳбари Иттиҳоди ветеранҳои Қазоқистон дар ин бора пешниҳод карда, гуфтааст, мақомоти қудратии кишвараш бояд коре кунанд, ки дарҳои Қазоқистон ба рӯи ин қишри шаҳрвандонаш баста шавад.

Ин мақоми қазоқ мегӯяд, ҳанӯз барояш муаммост, ки ин шаҳрвандони Қазоқистон чигуна то ба ҷанги Сурия расидаанд. Ба гуфтаи ӯ, акнун Қазоқистон аз ин шаҳрвандони худаш бояд дар ҳаррос бошад, чун дар ҷангҳои хориҷӣ иштирок карда, ба қотилони “касбӣ” табдил ёфтаанд.

Раҳбари Иттиҳоди ветеранҳои Қазоқистон инчунин аз мақомотҳои қудратии кишвараш даъват кардааст, ки бо ҷавонон ва наврасони қазоқ бештар вохуриҳо анҷом дода, ба онҳо дар интихоби роҳи дуруст кумак кунанд.

Ин дар ҳолест, ки ахиран дар интернет навори видеоие ба намоиш гузошта шуда буд, ки аз ҳузури 150 шаҳрванди Қазоқистон дар нооромиҳои Сурия қисса мекунад. Дар ин навор, ки аз сафҳаи Youtube пок карда шудааст, гуфта мешавад, ин ҷавонони қазоқ бо гуруҳи террористии “Ал-Қоида” ҳамкорӣ доранд. Дар ҳамин ҳол Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон ҳузури шаҳрвандони кишварашро дар нооромиҳои Димишқ тасдиқ намуда, вале аз бурдани шумораи онҳо худдорӣ менамояд.

Вернуться назад