Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Хроника Туркменистана: Дар Ашхобод занон “облава” мешаванд
Главная > Туркманистон > Хроника Туркменистана: Дар Ашхобод занон “облава” мешаванд

Хроника Туркменистана: Дар Ашхобод занон “облава” мешаванд


27 ноябр 2013, 09:59. Разместил: MG
Давоми як моҳи ахир дар шаҳри Ашхобод, пойтахти Туркманистон кормандони пулис дар либоси мулкӣ ба боздошти занҳо дар қаҳвахона, тарабхона ва клубҳои шабона машғуланд. Дар ин бора торнамои “Хроника Туркменистана” хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, баъди соати 23:00, ки то ин соат муассисаҳои фароғатӣ ҳаққи фаъолият доранд, занҳо дар кӯча дастгир ва ба идораи пулис бурда мешаванд. “Аз занҳои боздоштшуда ба таври маҷбурӣ намунаҳо барои муайян намудани маризиҳои сироятӣ ва ташхиси пешоб барои маълум кардани нашъаманд будан ё набудани онҳо гирифта мешавад”,-менависад торнома ва меафзояд, ки “боздошт ё “облава”-и занҳо аз рӯи чунин сенария сурат мегирад: гуруҳи мардон бо либоси мулкӣ вориди муассисаи фароғатӣ шуда, занҳоро боздошт ва идораи пулис мебаранд. Онҳо ҳам занҳоеро, ки дар танҳоӣ нишастаанд ва ҳам занҳоеро, ки ҳамроҳи мардон-дӯстписар ё шавҳарҳояшонанд, дастгир мекунанд. Ба мардон кордор намешгаванд, танҳо занҳоро мебаранд. Дар ин миён суханҳои шавҳар ва бародарҳои онҳо кора намекунад. Кормандони пулис талаб мекунанд, ки шавҳар ё хеш будани худро онҳо аз рӯи санад муайян созанд. Мардон маҷбур мешаванд, таксӣ киро намуда ба хонаҳояшон бираванд ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаро ба идора пулис биёранд”.

“Хроника Туркменистана” менависад, ки кормандони пулис ин амали худро иқдом барои мубориза бо фоҳишагӣ арзёбӣ мекунанд. Ба гуфтаи онҳо дар ҷараёни ин амалиёт ҳолатҳои зиёди маризиҳои сироятӣ ва нашъамандӣ миёни занҳоро ошкор сохтаанд.

Дар ҳамин ҳол ба навиштаи манбаъ, сару садоҳо ҳаст, ки аз соли 2016 ба занҳо рондани мошинро манъ мекунанд: “Аллакай чанд сол мешавад, ки дар самти соҳиб шудан ба шаҳодатномаи ронандагӣ занҳо бо мушкили зиёд мувоҷеҳанд. Агар мардон барои ба даст овардани шаҳодатнома дар ҳаҷми 2000 доллар ришва диҳанд, пас ин нарх бари занҳо ду баробар гаронтар аст”.


Вернуться назад