Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Илҳомҷон Ёқубов: “ҲНИТ мехоҳад, аз 100 донишҷӯ қадрдонӣ кунад”
Главная > Тоҷикистон, Иҷтимоӣ > Илҳомҷон Ёқубов: “ҲНИТ мехоҳад, аз 100 донишҷӯ қадрдонӣ кунад”

Илҳомҷон Ёқубов: “ҲНИТ мехоҳад, аз 100 донишҷӯ қадрдонӣ кунад”


6 декабр 2013, 16:11. Разместил: administrator
Бахши вилоятии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар вилояти Суғд тасмим гирифтааст, аз як қатор донишҷӯёни фаъоли ин минтақа қадрдонӣ кунад.

Ин дафтари ҲНИТ бо ирсоли як нома ба унвони Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд барои баргузории ин маҳфил толор ва номгӯи 100 нафар донишҷӯёни фаъолро хостааст. Илҳом Ёқубов, раиси дафтари ҲНИТ дар вилояти Суғд рӯзи 6 декабр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ҳадаф аз ин иқдомро боло бурдани ҳисси донишомӯзию ҳавасмандгардонии донишҷӯён ва тақвияти ҳамкории ҲНИТ бо Вазорати маорифи Тоҷикистону донишгоҳҳои кишвар арзёбӣ кард.

Ёқубов гуфт, дафтари ҲНИТ дар вилояти Суғд мехоҳад, ҳудуди 100 донишҷӯи фаъоли ин вилоятро бо тақдими тӯҳфаву мукофот қадрдонӣ кунад ва аз ин рӯ, ба Ғафурҷон Усмонов, ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд муроҷиат кардаанд, то номгӯи ин донишҷӯёни фаъолро муайян кунанд. Ба гуфтаи Ёқубов, интизор меравад, ин чорабинӣ то охири моҳи декабр баргузор гардад, вале азбаски ҷавоби мақомот дар мавриди толор ҳанӯз маълум нест, санаи дақиқи он муайян нашудааст.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, яке аз аҳзоби умдаи мухолифи кишвар ба шумор рафта, танҳо ҳизби расмии динӣ дар Осиёи Миёна мебошад. Ин ҳизб дорои таърихи 40-сола буда, соҳиби торнамову нашрияи худ мебошад ва ба гуфтаи масъулинаш ҲНИТ беш аз 40 ҳазор узв дорад, ки ҳудуди 15 ҳазори он дар вилояти Суғд ба сар мебаранд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)

Вернуться назад