Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Раиси Хатлон: "Ҳукумов марди сахӣ аст, ҳар чизе хоҳед, медиҳад"
Главная > Тоҷикистон, Сиёсат > Раиси Хатлон: "Ҳукумов марди сахӣ аст, ҳар чизе хоҳед, медиҳад"

Раиси Хатлон: "Ҳукумов марди сахӣ аст, ҳар чизе хоҳед, медиҳад"


7 декабр 2013, 13:12. Разместил: hd
Иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон масъулини ноҳияи Бохтарро талқин кард, то барномаи компютеркунонии макотибро аз ҳисоби мансабдорону пулдорони бумӣ ба сомон расонанд.

Давлатшо Гулмаҳмадов зимни вохӯрӣ бо сокинони ноҳияи Бохтар бо ироаи он, ки барномаи зикрёфта ҳамагӣ 76 дарсад анҷом шудааст, Кибриё Сафарова, муовини раиси ноҳияро ҳушдор дод, ки иҷрои он мушкил нест. “Аз Ҳукумов (Амонуллои Ҳукуматулло, сардори КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”) сар карда ҳама бохтарӣ ҳастанд. Пешаш равед, чизе хоҳед, медиҳад. Бисёр марди сахӣ аст. Сироҷиддин Валиев низ дар Бохтар замин дорад. Оё пеши ӯ рафтед?”,-афзуд волии Хатлон.

Мавсуф талаботи якмоҳаи ноҳияро ба маблағи аз ҳисоби андоз рӯёнида низ ба риштаи таҳлил кашида, садри нозироти андозро зери тозиёнаи танқид гирифт. “Ҷамъмекардагиатон 1,5 миллион, мехӯрдагиатон 7 миллион сомонӣ. Аз ҳисоби кӣ хӯрда истодаед, оё фикр кардед? Имрӯз талаботи Сандуқи Байналмилалии Пул (МВФ) ин аст, ки ҷамоатҳо ҳисоби хӯронидану пӯшонидани худро ёбанд. Бо ин ҳол чӣ тавр зебогии ноҳияро таъмин мекунед?”,-изофа кард Гулмаҳмадов.

Зимнан, бархе аз иштирокчиёни ин ҷаласа бар он назаранд, ки раиси вилоят бисёре аз масоили муҳимро, аз қабили меъёри барқ ва дигар мушкили хоси ноҳияро зикр накард. “Сабабаш аз ноошноии ӯ ба ҳолу аҳволи ноҳияи мо аст”,-гуфтанд ин нафарон.

Давлатшо Гулмаҳмадов баробари ба курсии раиси вилояти Хатлон такя задан аввалан бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва баъдан бо намояндагони ВАО-и давлатӣ дар минтақаи Қӯрғонтеппа мулоқот анҷом дод. Ҳоло шиносоии хешро, дар мисоли фавқ аз Бохтар, дар ҳама шаҳру навоҳии Хатлон, бидуни даъват аз ВАО-и мустақилу байнулмилалӣ, барпо кардан дорад.

Вернуться назад