Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Бозпурсии мурдашӯйҳои Икромзода ва худдории Вазорати адлия
Главная > Тоҷикистон, Сиёсат > Бозпурсии мурдашӯйҳои Икромзода ва худдории Вазорати адлия

Бозпурсии мурдашӯйҳои Икромзода ва худдории Вазорати адлия


12 декабр 2013, 12:19. Разместил: hd
Баҳси додгоҳии волидони Ҳамза Икромзода, ки аз Вазорати адлияи Тоҷикистон, барои марги фарзандашон дар зиндони Душанбе 10 миллион доллар ҷуброни маънавӣ мехоҳанд, имрӯз, 12-уми декабр дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, бе ҳузури ҷониби ҷавобгар баргузор шуд.

Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи хонаводаи Ҳамза Икромзода гуфт, Вазорати адлия ба додгоҳ ариза пешниҳод карда, хоҳиш намудааст, ки парванда бе ҳузури намояндагони ин ниҳод барррасӣ шавад.

Ёров гуфт, дар мурофиаи имрӯза аксу наворҳое, ки дар онҳо изи латукӯб дар бадани Икромзода аён аст, намоиш дода шуданд. Инчунин ба гуфтаи ӯ ду мурдашӯй низ мавриди бозпурсӣ қарор гирифта, шоҳидӣ додаанд, ки дар бадани Икромзода изи шиканҷа зиёд буд. Инчунин вакили дифои хонаводаи Икромзода ариза пешниҳод карда, хоҳиш намудааст, ки шоҳидони шиканҷаи Икромзода аз зиндони рақами яки Душанбе ва шаҳри Хуҷанд ба додгоҳ оварда шаванд.

Ҳамза Икромзода, сокини ҷавони ноҳияи Ҳисор, тирамоҳи соли гузашта дар зиндони рақами яки Душанбе ба таври мармуз фавтид ва наздиконаш иддао доранд, ки маъмурони маҳбас ӯро куштаанд.

Ҳамза Икромзода, сокини 27-солаи ноҳияи Ҳисор, ки ба ҷурми авбошӣ маҳкум ба зиндон шуда буд, соли гузашта дар мсаҳбаси рақами яки Душанбе даргузашт. Пайвандони ӯ гуфтанд, ҳангоми шустани ҷасади Икромзода дар бадани ӯ изи дарзмолро пайдо кардаанд. Иддаое, ки мақомот онро рад карда, ҳатто Иззатулло Шарифов, сардори Раёсати муассисаҳои ислоҳоӣ гуфта буд, “касе Ҳамзаро куштааст, Худо мезанадаш”.

Вернуться назад