Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Додгоҳи Олӣ баҳси Кабирӣ бо шаҳрдориро ба 2014 гузошт (ВИДЕО)
Главная > Тоҷикистон, Сиёсат > Додгоҳи Олӣ баҳси Кабирӣ бо шаҳрдориро ба 2014 гузошт (ВИДЕО)

Додгоҳи Олӣ баҳси Кабирӣ бо шаҳрдориро ба 2014 гузошт (ВИДЕО)


19 декабр 2013, 14:48. Разместил: hd
Додгоҳи Олии Тоҷикистон барои омӯзиши баҳси Муҳиддин Кабирӣ, вакили парлумон ва раиси Ҳизби наҳзати исломӣ бо ҳукумати Душанбе то моҳи январи соли 2014 муҳлат хостааст.

Бузурмеҳр Ёров, вакили мудофеи Муҳиддин Кабирӣ, дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, аз пешниҳоди аризаашон ба Додгоҳи олии кишвар аллакай 2,5 моҳ сипарӣ шудааст: “Аз рӯи қонун барои омӯзиши парванда як моҳ ҷудо мешавад, аммо агар парванда мушкил бошад, то ду моҳ иҷозат аст. Дирӯз мо дар Додгоҳи олӣ будем, ба мо гуфтанд, парванда мушкил аст ва онро бояд то аввалҳои моҳи январи соли 2014 омӯзанд.”

Ин дар ҳолест, ки Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳанӯз 29 январи соли ҷорӣ қарор кард, ки бояд барои суханҳояш дар бораи вазъи экологии Душанбе, раҳбари ҲНИТ аз тариқи васоити ахбори умумии кишвар, аз шаҳрдории Душанбе узрхоҳӣ намояд. Аммо Муҳиддин Кабирӣ гуфт, дар ҳеч сурат аз шаҳрдорӣ узр нахоҳад пурсид.

КАБИРӢ ДАР ПАРЛУМОН ЧӢ ГУФТА БУД?


Дар ҳамин ҳол ахиран додгоҳи Исмоили Сомонӣ ба Муҳиддин Кабирӣ, ҳушдор дода буд, ки ҳарчи зудтар аз шаҳрдории Душанбе маъзаратхоҳӣ кунад. Дар ғайри сурат, алайҳи ӯ, парвандаи ҷиноӣ боз хоҳанд кард. Аз ин пештар додгоҳ аз оқои Кабирӣ хоста буд, то рӯзи 17 июни соли ҷорӣ қарори додгоҳро дар мавриди узрхоҳияш аз шаҳрдории Душанбе иҷро намояд. Вале он вақт оқои Кабирӣ эълон дошт, ки “агар мақомоти судии кишвар барои иҷро накардани ин талаботи додгоҳ ҳар ҷазои сахттареро эълон кунад, омодаам иҷро кунам, аммо узрхоҳӣ нахоҳам кард.”

Соли гузашта ҳукумати Душанбе ба додгоҳ шикоят бурда, талаб намуд, ки Муҳиддин Кабирӣ барои суханони "носазо" дар бораи вазъи экологии пойтахт, аз шаҳрдорӣ маъзаратхоҳӣ кунад. Асоси даъвои шаҳрдорӣ як матлабе, таҳти унвони “10 сол пас Душанбе урён мешавад” буд, ки дар он Муҳиддин Кабирӣ аз дарахтбурӣ дар хиёбонҳои пойтахт изҳори ташвиш мекард.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)

Вернуться назад