Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Гулнора боз дар бораи “қаллобӣ” ва “иғвогари”-ҳои модару хоҳараш
Главная > Тоҷикистон, Узбакистон > Гулнора боз дар бораи “қаллобӣ” ва “иғвогари”-ҳои модару хоҳараш

Гулнора боз дар бораи “қаллобӣ” ва “иғвогари”-ҳои модару хоҳараш


19 декабр 2013, 14:52. Разместил: MG
Гулнора Каримова, духтари калони раисиҷумҳури Узбакистон модар ва хоҳарашро дар “қаллобӣ” ва “иғвоангезӣ” алайҳи хонавода муттаҳам кардааст.

Хонуми Каримова дар саҳифаи “Твитер”-худ дар посух ба суоли як корбар, ки аз муносибати ӯ бо хоҳараш пурсида, навиштааст, Лола бо ҳадафи ҳифзи миллиардҳо ба интригаҳо дода шудааст. Дар идома суоли муносибат бо падараш Ислом Каримовро сарфи назар намуда, бобои модарияш –Акбарро ёд овардааст: “...Агар онҳо (бобову бибияш-хабаргузорӣ) зинда мебуданд, модарам ҳеч вақт ба ин корҳо даст намезад: ҷиянашро ба зиндон намеандохт ва ба ин қаллобӣ даст намезад”.

Моҳи октябр расонаҳо аз боздошти ҷияни ҳамсари Ислом Каримов -- Акбаралӣ Абдуллоев хабар доданд, ки ғайрирасмӣ назорати як қисмати водии Фарғонаро дар ихтиёр доштааст. Ӯро дар саркашӣ аз пардохти молиёт, аз худкунии амвол ва ришвахорӣ муттаҳам карданд.

Гулнора Каримова ба дунболи ҳабси Акбаралӣ навишта буд, ӯ танҳо “содиқона” дастурҳои Фонди “Сен ёлгиз эмассан”-и хоҳараш Лоларо анҷом медод ва қурбонӣ шуд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)

Вернуться назад