Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Аз Саидов то Қаюмзод. Даҳ чеҳраи соли 2013 дар Тоҷикистон
Главная > Тоҷикистон, Сиёсат > Аз Саидов то Қаюмзод. Даҳ чеҳраи соли 2013 дар Тоҷикистон

Аз Саидов то Қаюмзод. Даҳ чеҳраи соли 2013 дар Тоҷикистон


19 декабр 2013, 17:48. Разместил: administrator
Пойгоҳи “Кимиёи Саодат” бар асоси назарсанҷие, ки дар Facebook анҷом додааст, даҳ чеҳраи намоёни соли 2013 дар Тоҷикистонро тартиб додааст. Бар асоси ин назарсанҷӣ, Зайд Саидов -- соҳибкор ва вазири пешини саноати Тоҷикистон дар мақоми аввал ҷой дорад. Оқои Саидов дар моҳи майи соли ҷорӣ барои “қаллобӣ, сӯистифода аз мақом, таҷовуз ба номус, ришват ва бисёрзанӣ” дастгир шуда, то ҳол дар боздошт аст.

Дар ҷои дувум Раҳматилло Зоиров, раҳбари Ҳизби сотсиал - демократи Тоҷикистон ҷо гирифта, мақоми севумро Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ, ишғол намудааст. Додоҷони Атовулло – раҳбари Ҷунбиши сиёсии “Ватандор”, Умаралӣ Қувватов – раҳбари “Гурӯҳи 24” ва Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода – рӯҳонӣ ва сиёсатмадори маъруф мутаносибан ҷойҳои чорум, панҷ ва шашумро ба худ ихтисос додаанд.

Дар мақоми ҳафтум Ойниҳол Бобоназарова – раҳбари созмони иҷтимоии “Песрпектива Плюс” ҷо гирифтааст. Хонум Бобоназарова танҳо зани тоҷик буд, ки дар соли 2013 номзадияш барои дарёфти курсии президенти Тоҷикистон пешниҳод шуда, вале ба қавли мақомот натавонист имзои заруриро барои сабтиномаш дар Кумисюни марказии интихобот ҷамъоварӣ намояд.

Хабарнигорон Олга Тутубалина, Абдуқаюми Қаюмзод ва Дориюши Раҷабиён дар мақоми ҳашт, нӯҳ ва даҳум ҷо гирифтаанд. Олга Тутубалина, ки сардабири нашрияи “Азия-Плюс” аст, бо як матлабаш дар бораи бозгашти Бозор Собир, ки дар он ҷо дар бораи зиёиёни тоҷик ҳам ишорае рафтааст, ба додгоҳ кашида шуд. Панҷ иттиҳодияи эҷодӣ, ки Иттифоқи нависандагон ва Академияи улуми Тоҷикистон шомили онанд, аз Тутубалина ҷуброни зарари маънавӣ хоста, гуфтанд, ӯ тамоми қишри зиёӣ ва рӯшанфикрони тоҷикро таҳқир кардааст.

Абдуқаюми Қаюмзод, хабарнигори шинохтаи тоҷик, ки аз соли 2001 дар Радиои Озодӣ кор мекард, дар оғози соли ҷорӣ раҳбарияти онро ба додгоҳ кашид. Дар моҳи декабри соли гузашта Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ӯро огоҳ карда буд, ки сабти номаш тамдид намешавад ва ӯ дигар ҳаққи гузориш додан ба Радиои Озодиро надорад. Дар пайи ин, Радиои Озодӣ шартномаи ҳамкорӣ бо Абдуқаюми Қаюмзодро қатъ кардааст. Бо вуҷуди ин ҳама, вай имсол китоби “40 соли муқовимат, мубориза ва талошҳо”-ро аз чоп баровард.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)

Вернуться назад