Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Мақомот: "Хабари мошинҳои дуздӣ бадном кардани Тоҷикистон аст"
Главная > Тоҷикистон, Дидгоҳи хос > Мақомот: "Хабари мошинҳои дуздӣ бадном кардани Тоҷикистон аст"

Мақомот: "Хабари мошинҳои дуздӣ бадном кардани Тоҷикистон аст"


20 декабр 2013, 09:19. Разместил: administrator
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабари нашрияи “Bild” дар бораи пайдо гардидани 200 мошини дуздидашуда дар Олмон дар қаламрави кишварро таҳқиқ дорад.

Ин нашрияи олмонӣ рӯзи 19 декабр навишт, аксари ин мошинҳо, ки "БМВ"-янд, дар дасти хонавода ва афроди наздик ба раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, қарор доранд. Ба навиштаи нашрия, муфаттишони олмонӣ пайи ин мошинҳои дуздидашударо тавассути GPS дақиқ кардаанд.

Абдулфайз Атоев, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, субҳи 20 декабр ба “Озодагон” гуфт, тамоми сохторҳои вазорат барои дақиқ кардани ин хабар вобаста шудаанд ва ба зудӣ маълум хоҳад шуд, ки ин хабар то куҷо ҳақиқат ва то куҷо дурӯғ аст. “Ба ҳар ҳол, фикр мекунам, ин воқеият надорад, зеро мошинҳо 15 кишварро гузашта, баъд ба Тоҷикистон мерасанд. Агар ин мошинҳо дуздӣ мешуданд, ҳатман дар марзи он кишварҳо ошкор ва боздошт мегардиданд. Ин танҳо кӯшише барои бадном кардани Тоҷикистон аст”,-таъкид дошт Атоев.

Дар ҳамин ҳол, масъулони Хадамоти гумруки Тоҷикистон чунин як иттилоъро муғризона номида ва гуфтанд, даъвои мақомоти Олмон асосе надорад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)

Вернуться назад