Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > «Равшан»-и Кӯлоб мехоҳад бо тими Яман дар Қӯрғонтеппа бозӣ кунад
Главная > Тоҷикистон, Ҷавонон ва варзиш > «Равшан»-и Кӯлоб мехоҳад бо тими Яман дар Қӯрғонтеппа бозӣ кунад

«Равшан»-и Кӯлоб мехоҳад бо тими Яман дар Қӯрғонтеппа бозӣ кунад


21 декабр 2013, 10:39. Разместил: MG
Клуби «Равшан»-и Кӯлоб варзишгоҳи «Пахтакор»-и Қӯрғонтеппаро барои қувваозмоӣ бо «Ал-Ярмук ал-Равда»-и Яман интихоб кардааст. Ин бозӣ қарор аст, 2 феврал дар чорчуби даври плей-оффи Ҷоми АФК-2014 баргузор шавад.

Торнгамои Федератсияи футболи Тоҷикистон менависад, ояндаи наздик комиссияи вижаи Конфедератсияи футболи Осиё ба Тоҷикистон омада, масъалаи омода будани варзишгоҳи «Пахтакор» барои баргузории ин дидорро месанҷад.
Варзишгоҳи «Равшан» ба меъёрҳои муқарраркардаи АФК барои баргузор намудани чунин дидорҳо мутобиқат намекунад.

Ғолиби ин рақобат ҳаққи ширкат дар даври гуруҳии Ҷоми АФК-2014-ро дарёфт мекунад, ки шомили гуруҳи «А» шуда, бо «Сувак» ё «Сахам»-и Уммон, «Зат Рас»-и Урдун ва «Сафо»-и Лубнон вориди рақобат мегардад.

Вернуться назад