Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Мутрибаи Илҳом бо варзишгари Амрико вориди сабқат мешавад
Главная > Тоҷикистон, Ҷавонон ва варзиш > Мутрибаи Илҳом бо варзишгари Амрико вориди сабқат мешавад

Мутрибаи Илҳом бо варзишгари Амрико вориди сабқат мешавад


23 декабр 2013, 02:05. Разместил: MG
Мутрибаи Илҳом, ягона бонуи варзишгари тоҷик, ки кишвари моро дар мусобиқаи ҷаҳонии шоҳмот миёни наврасон намояндагӣ мекунад, имрӯз, 23 декабр бо шоҳмотбози амрикоӣ қувваозмоӣ хоҳад кард. Мусобиқаи мазкур дар Аморати муттаҳидаи Араб ҷараён дорад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии мусобиқот Мутрибаи Илҳом, ки дар бахши духтарони зери синни 16 қувваозмоӣ мекунад, дар ҳоли ҳозир ду имтиёз дорад. Ӯ бар намояндаҳои Русия ва Ҳинд дастболо шуда, чор рақобати дигарро бохтааст.

Ба ҷуз Мутриба Тоҷикистонро се навраси дигар намояндагӣ мекунанд. Илҳоми Ҷалолиддин дар бахши то 8 солаҳо бар намояндаҳои Макао ва Филлипин дастболо шуда, имрӯз бо варзишгар аз Кения қувва меозмояд. Амонуллои Илҳом бошад, дар бахши варзишгарони то 12 сола 1,5 имтиёзро соҳиб шудааст. Ӯ намояндаи Аморати муттаҳидаи Арабро шикаст дода, рақобат бо варзишкори Олмонро мусовӣ кардааст. Ин навбат ӯ бо намояндаи Кореяи Ҷанубӣ бозӣ мекунад.

Абдузариф Шаҳриёр даври чоруми мусобиқаро дар бахши то 10 солаҳо бо пирӯзии мутлақ поён бурдааст. Вай намояндаи Лубнон Одам Бассамро мот кардааст. Қаблан, дидораш бо намояндаи Озарбойҷонро мусовӣ карда буд. 23 декабр бо намояндаи Кореяи Ҷанубӣ қувва меозмояд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)

Вернуться назад