Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Нишасти ғайринавбатии Қурултой ва интихоби муфтии нав
Главная > Тоҷикистон > Нишасти ғайринавбатии Қурултой ва интихоби муфтии нав

Нишасти ғайринавбатии Қурултой ва интихоби муфтии нав


13 январ 2014, 17:21. Разместил: CV
Қурултойи мусулмонони Қирғизистон моҳи оянда дар нишасти навбатии худ, муфтии нави ин кишварро интихоб мекунад.

Қорӣ Замир Ракиев, муовини муфтии Қирғизистон рӯзи 13 январ зимни нишасти матбуотие гуфт, Қурултойи мусулмонони кишвараш санаи 8 феврали соли ҷорӣ нишасти ғайринавбатӣ дорад. Ба гуфтаи Ракиев, дар ин нишаст, ки беш аз 200 намояндаи Қурултой иштирок мекунанд, Ойинномаи нави Идораи муфтиёти Қирғизистон ба баррасӣ гирифта шуда, муфтии нави ин кишвар интихоб мешавад.

Муовини муфтии Қирғизистон гуфт, дар ҳоли ҳозир танҳо як нафар номзадии худро ба ин мақом пешниҳод кардааст.

Ҳоҷӣ Раҳматулло Эгамбердиев, муфтии пешини Қирғизистон баъд аз паҳни навори маҳрамонаи дар бораи ӯ дар интернет рӯзи 7 январ бо хоҳиши худ аз симаташ канор рафт. Охирҳои моҳи декабри соли гузашта навори видеоии дорои муҳтавои шаҳвонӣ дар интернет роҳ ёфт, ки дар он шахси монанд ба муфтии вақти Қирғизистон бо як зани ҷавон намоиш дода мешуд. Худи Эгамбердиев ҳузурашро дар ин навор инкор накарда, иброз дошта буд, ки зани дар паҳлуи ӯ буда, ҳамсараш мебошад ва бо ин зан тули чаҳор сол мешавад, издивоҷ кардааст.

Вернуться назад