Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Forbes: 5 қазоқистонӣ дар феҳрасти сарватмандтарин одамони сайёра
Главная > Қазоқистон > Forbes: 5 қазоқистонӣ дар феҳрасти сарватмандтарин одамони сайёра

Forbes: 5 қазоқистонӣ дар феҳрасти сарватмандтарин одамони сайёра


4 март 2014, 10:13. Разместил: MG
Дар рейтинги нави маҷаллаи амрикоии Forbes панҷ қазоқистонӣ ҳам дар қатори сарватмандтарин одамони сайёраи Замин мақом гирифтаанд.

Булат Утемуратов бо 2,2 миллиард доллар дар ҷои 796-уми раддабандӣ қарор гирифтааст. Ин дар ҳолест, ки соли 2013 дар зинаи 670-ум менишаст. Тимур ва Динара Қулибоева, ки ба иттилои Forbes ҳар кадом 1,8 миллиард долларӣ доранд, мақоми 988-ро муаррифӣ мекунанд. Як сол пеш бо 1,3 миллиард доллар дар ҷои 1107 буданд. Алиҷон Иброҳимов бо 1,7 миллиард дар зинаи 1046 (соли 2013 бо 2,1 миллиард доллар зинаи 704) аст. Владимир Ким, ки маҷалла дороияшро 1,6 гуфтааст, дар мақоми 1078 аст. Дар ҳоле, ки соле қабл бо 2,3 миллиард доллар ҷои 641-ро муаррифӣ мекард.

Чоргонаи аввали сарватмантаринҳо бетағир аст. Танҳо ҷои аввалро баъди чор сол Билл Гейтс дигарбора ба худ ихтисос додааст. Дороии ӯро Forbes дар ҳоли ҳозир 76 миллиард доллар арзёбӣ кардааст. Се мақоми баъдиро магнати мексикоӣ Карлос Слим, яке аз соҳибони бренди Zara Амансио Ортега (Испания) ва Уоррен Баффетт муаррифӣ мекунанд.

Бунёдгузори Facebook Марк Тсукерберг дар ҷои 21-ум аст.

Маҷаллаи Forbes рейтинги одамони сарватманди ҷаҳонро ҳамасола нашр мекунад.

Вернуться назад