Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Вакилони дифои Зайд: "Абдуфаттоҳи Ғоиб аз мо қасос мегирад" (ВИДЕО)
Главная > Тоҷикистон, Қазияи Зайд Саидов, Сиёсат, Мусоҳибаҳо, Видео > Вакилони дифои Зайд: "Абдуфаттоҳи Ғоиб аз мо қасос мегирад" (ВИДЕО)

Вакилони дифои Зайд: "Абдуфаттоҳи Ғоиб аз мо қасос мегирад" (ВИДЕО)


7 март 2014, 14:53. Разместил: hd
Исҳоқ Табаров ва Шуҳрат Қудратов, вакилони дифои Зайд Саидов бо пахши як изҳорот боздошти ҳамкорашон, Фахриддин Зокировро, ки баъди бозпурсии тӯлонӣ шаби 7-уми март сурат гирифтааст, иқдоми махсус роҳандозишудаи Оҷонсии мубориза зидди фасод хонданд.

Тибқи ин баёния вакили сеюми Зайд Саидов дар қаллобӣ муттаҳам мешавад, ки ба гуфтаи Шуҳрат Қудратов ва Исҳоқ Табаров як иттиҳоми сохта аст: “Гӯиё Фахриддин Зокиров тариқи қалобӣ аз баргардонидани қисме аз маблағҳои аз бонк қарзгирифтаи корхонаашон саркашӣ карда бошад. Зимнан амалиёти тиҷоратии чанд сол пеш анҷомдодашудае дар назар аст, ки ҳатто санҷиши мақомоти марбута, аз ҷумла худи ҳамон Агентӣ қаблан собит намудааст, ки асари ҷиноят дар он умуман мушоҳида намешавад.”



Вакилон ин боздоштро ба фаъолияти касбияшон барои ҳимояи ҳуқуқҳои Зайд Саидов, соҳибкори зиндонии тоҷик рабт медиҳанд: “Аз хусуси хатаре, ки вобаста ба қазияи Зайд Саидов мо - вакилони дифоъи ӯро таҳдид мекунад, пайваста изҳори нигаронӣ кардаем. Манбаи ин хатару таҳдид дар бисёре мавридҳо худи ҳамон Агентии номбаршуда аст, ки барои бадномкуниву тарсонидани мо аз имкониятҳои маъмуриаш бо як густохии гӯшношунид истифода мекунад. Ва чанд ҳафтаи охир шиддати фишору тазъиқ бамаротиб афзуд. Таҳдиди сӯиқасд ба ҷонамон тариқи телефон аз ҷониби ашхоси номаълум, кӯшишҳои бофтаву сохтакорона тобиши ҷиноят додани ҳодисаи садамаи ночизи нақлиётӣ, ки бо яке аз мо – Шӯҳрат Қудратов рӯх додааст, ва ниҳоят таъқиби ҷиноятиву ҳабси Фахриддин Зокиров далели он аст, ки алайҳи мо нерӯи тавонои қудратие сафарбар шудааст, ки барои саркӯб карданамон аз ҳеҷ гуна амали номатлубу нангин ҳазар намекунад.”

Дар шарҳи афзоиши фишор нисбати худ вакилони Зайд Саидов афзудаанд, ки хусумати шахсии сарвари Агентӣ – Абдуфаттоҳи Ғоиб ҷумлаи онҳост: “Вазъи ногувори мо, бахусус баъд аз он, ки ин шахсро барои моро таҳқиру тӯҳмат карданаш ба додгоҳ кашидему аз ӯ ҷуброни зарари маънавӣ талаб намудем, беҳуда ба миён наомадааст. Яъне мо аслан тӯъмаи интиқом шудаем, аз мо қасос мегиранд. Далели қотеъонаи дастраскардаамон аз хусуси он, ки ҷинояткор на Зайд Саидов, балки масъулини худи Агентист, ки хулосаи ташхисро сохтакорӣ намуда нафари бегуноҳро тӯҳмат задаанд, сабаби дигари қасосгирист. Ва, ниҳоят, изҳороту муроҷиати пайвастаамон аз хусуси он, ки кӯшишҳои роҳбарияти Агентӣ, қабл аз ҳама Абуфаттоҳи Ғоиб ҷиҳати миёни мардум беобрӯву бадном кардани зерҳимояамон беасосу ғайриқонунист, сабаби хусусмату бадбинӣ нисбатамон шудааст.”

Омили асосии фишорҳоро вакилони Зайд Саидов дар ангези сиёсӣ доштани парвандаҳои зерҳимояашон медонанд: “Мо вакилони дифоъро мақомот барои он набахшиданду намебахшанд, ки қазияи зикршуда ғайричашмдошт барояшон самараи дилхоҳ надод. Аксари мардум ба бегуноҳии Зайд Саидов бовар карданд, сафи ин нафарон ҳамоно, ки меафзояд ва дар пушти фоҷиаи ин шахс чеҳраи аслии онҳое падидор гашт, ки то ин дам мардуми ранҷкашидаву азобдидаву зудбовар дар симояшон ҳомиёни қонуну адолатро медид.”

Шуҳрат Қудратов ва Исҳоқ Табаров илова намуданд, ки фишорҳо дар ҳоле шиддат ёфтанд, ки мақомот ба амалиёти васеъ бобати аз Зайд Саидову хешу пайвандону шарикони тиҷоратиаш кашида гирифтани амволаш пардохтанд. Онҳо мегӯянд, мақомот бо ҳабси Зокиров ӯро аз ҳимояи амволи Зайд Саидову наздиконаш барканор кард.

Дар ҳамин ҳол вакилони Зайд Саидов дар хитоб ба Созмони Миллали Муттаҳид, созмону ташкилотҳои дигари ҷаҳонии дифоъ аз ҳуқуқ, ҳукумату парлумони мамолики дунё, сафорату намояндагиҳои кишварҳои хориҷа хостаанд, ба қазияи Зайд Саидов, ба вазъи ногувори вакилони дифоъ, аз ҷумла ба тақдири Фахриддин Зокиров, бахусус бо назардошти ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон таваҷҷӯҳ бикунанд, зеро дар кишвар ҳуқуқу озодиҳои саросари мардум дар хатар аст.

Вернуться назад