Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Ҳукумати Қирғизистон истеъфо дод
Главная > Қирғизистон > Ҳукумати Қирғизистон истеъфо дод

Ҳукумати Қирғизистон истеъфо дод


19 март 2014, 13:26. Разместил: CV
Дар пайи парокандашавии эътилофи аксарият дар парлумонии Қирғизистон ҳукумати ин кишвар низ ба истеъфо рафтааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии раёсати ҷумҳури Қирғизистон, Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури ин кишвар рӯзи 19 март аъзои ҳукуматашро ба истеъфо фиристодааст.

Ин дар ҳолест, ки Феликс Қулов, раҳбари эътилофи аксарияти парлумони Қирғизистон бо ирсоли як нома ба Отамбоев аз пошхурии эътилоф дар пайи хориҷ шудани намояндагони ҳизби “Ота-Макон”-и ин кишвар хабар дода буд. Алмосбек Отамбоев бар асоси талаботи Сарқонуни Қирғизистон оид ба ҳукумати ин кишвар зери истеъфономаи тими худ имзо гузоштааст.

Манбаъ мегӯяд, ҳоло сарвазир, муовини аввали сарвазиру муовини сарвазир ва аъзои ҳукумати Қирғизистон то таъйин шудани ҳайати нав дар симатҳои худ корро идома медиҳанд.

Вернуться назад