Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Худро оташ задани Шавкат Раҳмонов дар рӯбарӯи қасри президент (Навшуда)
Главная > Тоҷикистон, Иҷтимоӣ, Рӯ ба рӯ, Тема дня > Худро оташ задани Шавкат Раҳмонов дар рӯбарӯи қасри президент (Навшуда)

Худро оташ задани Шавкат Раҳмонов дар рӯбарӯи қасри президент (Навшуда)


28 март 2014, 00:39. Разместил: MG
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъйид намуд, ки як сокини 74-солаи шаҳри Душанбе рӯзи 27 март дар рӯбарӯи қасри раёсати ҷумҳури Тоҷикистон худро оташ задааст.

Ин ниҳод бо пахши як хабар дар торнамои расмияш навишта, ки Шавкат Раҳмонови 74-сола “дар назди мағозаи “Варзишӣ” дар маркази Душанбе ба қасди худкӯшӣ худро оташ задааст. “Сабаби даст ба ин кор задани Раҳмонов муноқишаи оилавӣ оид ба тақсимоти манзил мебошад. Бо ҳалномаи Суди шаҳри Душанбе манзили истиқоматии воқеъ дар кӯчаи Фирдавсӣ, байни Шавкат Раҳмонов ва духтараш Нушофарин Раҳмонова, соли таваллудаш 1971, баробар тақсим карда шудааст”,- менависад манбаъ.

Ба иттилои торнамои ВКД Раҳмонов айни замон дар беморхона бистарист: “Нушофарин Раҳмонова мегӯяд, падараш муддати ду сол инҷониб гирифтори бемории рӯҳӣ буда, қаблан низ кӯшиши худкушӣ карда буд”.

Қасди худкушии Шавкат Раҳмонов дар наздикии дастгоҳи раисиҷумҳур дар ҳоле сурат гирифт, ки худи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳур бо сафари расмӣ дар Афғонистон қарор дошт. Масъулини дигари дастгоҳи раисиҷумҳур дар суҳбат бо "Озодагон", ки ин хабарро аз субҳи 27-уми март пайгирӣ дорад, аз қазия изҳори бехабарӣ карданд. Аммо бархе аз шоҳидон дар рӯзи сар задани ҳодиса ба унвонии хабаргузории "Озодагон" навиштанд, ки маъмурини амният хеле фаврӣ оташро хомӯш карда, базудӣ ӯро аз ҷои ҳодиса бурданд ва касеро намонданд, ки наздик шавад.

Вернуться назад