Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > ВАО: Домоди собиқи президенти Қазоқистон ба Юнон рафтааст
Главная > Қазоқистон > ВАО: Домоди собиқи президенти Қазоқистон ба Юнон рафтааст

ВАО: Домоди собиқи президенти Қазоқистон ба Юнон рафтааст


29 апрел 2014, 16:04. Разместил: MG
Роҳат Алиев, сафири собиқи Қазоқистон дар Австрия, ки дар Малта паноҳ мебурд, ба Юнон рафтааст, хабар медиҳанд расонаҳои қазоқистонӣ.

Ба иттилои манбаъ, Алиев дар ҳоли таҳияи ҳуҷҷатҳо барои дарёфти шаҳрвандии Кипр аст. “Ӯ ба мақомоти Малта мактуб фиристода гуфтааст, ки аз таъқиби хадамоти вижаи Қазоқистон дар ин ҷо хавф дорад”,- менависанд ВАО-и Қазоқистон.

Роҳат Алиев дар Қазоқистон дар сарнагун кардани ҳокимият, созмон додани гуруҳи ҷиноӣ ва одамрабоӣ муттаҳам мешавад. Додгоҳ ӯро дар ғайбаш ба 40 соли маҳрумият аз озодӣ маҳрум кардааст.

Қаблан, Malta Today навишта буд, ки додгоҳи ҷиноии Малта барои масдуд кардани дороиҳои Алиев ва ҳамсараш Элнора Шоразова ордер додааст.

Роҳат Алиев, шавҳари собиқи Дарига Назарбоева, духтари калони президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аст.

Вернуться назад