Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Ислом Каримов эълон кард, базудӣ курсияшро тарк карданӣ нест
Главная > Узбакистон > Ислом Каримов эълон кард, базудӣ курсияшро тарк карданӣ нест

Ислом Каримов эълон кард, базудӣ курсияшро тарк карданӣ нест


16 май 2014, 15:41. Разместил: MG
Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон гуфта, ки тасмими дар ояндаи наздик тарк кардани курсии президентиро надорад.
Бино ба иттилои хабаргузории Франс Пресс, Каримов ин нуктаро зимни ифтитоҳи як ҳамоиши байналмилалие дар Самарқанд иброз доштааст.

Ислом Каримови 76-сола дар ҳоле ба ин нукта ишора карда, ки то интихоботи ояндаи президентӣ дар Узбакистон камтар аз як соли дигар мондааст. Қарор аст, интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар ин кишвар 22 марти соли 2015 баргузор шавад.

“Ман яке аз онҳоеам, ки барои солҳои зиёд сари қудрат будан, танқид мешавам. Маро танқид мекунанд, аммо қафо намегардам. Маро интиқод мекунанд, аммо мехоҳам корамро идома диҳам”,- гуфтааст Каримов зимни суҳбат бо дипломат ва донишмандон.

Ислом Каримов аз соли 1991 дар олитарин курсии Узбакистон, ки 30 миллион аҳолӣ дорад, нишастааст.

Вернуться назад