Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Талаби табибон аз вакилон: Фурӯши нос манъ шавад
Главная > Қазоқистон > Талаби табибон аз вакилон: Фурӯши нос манъ шавад

Талаби табибон аз вакилон: Фурӯши нос манъ шавад


27 май 2014, 20:32. Разместил: MG
Бузургтарин Анҷуманҳои тиббии Қазоқистон бори дигар аз вакилони парлумони ин кишвар хостаанд, фурӯши носро манъ кунанд.

Ин бори аввал нест, ки табибон бонги изтироб мезананд. Ба иддаои онҳо нос ва снюс (як навъи маводи тамоку) метавонад хатари ҷиддие барои сиҳатии аҳолӣ бошад,-хабар медиҳад Total.kz.

Ассосиатсияи воҳиди дандонпизишкони Қазоқистон, Анҷумани миллии тиббӣ ва Эътилофи “Барои Қазоқистони озод аз дуди тамоку!” дар муроҷиатномае ба вакилони маҷлиси парлумони Қазоқистон тақозои пуштибонӣ аз “манъи истеҳсол, фурӯш ва паҳн кардани нос ва снюс”-ро кардаанд.

“Ҳоло гуруҳи корӣ тарҳи қонун “Дар бораи ворид кардани тағиру иловаҳо дар Кодекси Қазоқистон “Дар бораи сиҳатии мардум ва низоми тандурустӣ”-ро баррасӣ мекунад”,-навиштааст манбаъ.

Табибон муътақиданд, ки бидуни манъ кардан, теъдоди қазоқистониҳое, ки зери забон ва лаб нос ва снюс мегузоранд, метавонад ба ҳазор маротиба афзоиш ёбад. Далели ин афзоиш маъруфияти онҳо гуфта мешавад. Бино ба оморҳо беш аз 10 дар сади қазоқистониҳо ба нос ва снюс таваҷҷуҳ доштаанд, ки 4,7 дар сади онҳо занонанд. Як назарсанҷӣ маълум карда, ки 1 миллиону 690 ҳазор шаҳрванди Қазоқистон ба ин намуди тамоку “муътод” будаанд.

Нос як навъи маводи тамоку аст, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар истифода мешавад.

Вернуться назад