Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Озодаи Эмомалӣ – президенти ояндаи Тоҷикистон?
Главная > Тоҷикистон, Сиёсат, Мусоҳибаҳо, Дидгоҳи хос > Озодаи Эмомалӣ – президенти ояндаи Тоҷикистон?

Озодаи Эмомалӣ – президенти ояндаи Тоҷикистон?


5 июн 2014, 14:52. Разместил: administrator
Дар бораи фаъолияти Озодаи Эмомалӣ (Раҳмон Озода Эмомалӣ), духтари раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки ба ҳайси муовини аввали вазири умури хориҷии кишвар ифои вазифа дорад, рӯзҳои охир хабарҳои зиёд чоп мешаванд.

Барои мисол, гузориши Вазорати умури хориҷии Тоҷикистонро дар Шӯрои машваратӣ барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ худи ӯ қироат намуд ва торнамои расмии дафтари матбуоти раёсати ҷумҳур низ ҳангоми инъикоси ин ҷаласа бештар ба иштироки ӯ тамаркуз карда, ҳатто чанд акси Озодаро низ нашр кард. Дар яке аз онҳо танҳо худи Эмомалӣ Раҳмон ва Озодаи Эмомалӣ омадаанд. Аммо Рустами Эмомалӣ, писари бузурги раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки ҳоло курсии раҳбарии Хадамоти гумруки кишварро дар ихтиёр дорад, танҳо дар аксҳои дастҷамъӣ “намоиш” дода мешавад. Ба иловаи ин, худи духтари раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Нишой Десай Бисвал, ёвари вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба умури Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ машварати сиёсӣ баргузор намуд.

Оё ин шаҳодат аз он намедиҳад, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон пешбарии номзадии Озодаро дар интихоботи президентии соли 2020 нисбат ба писараш авлотар медонад? Агар ба қонунгузории кишвар дар бобати синну соли номзад ба президентӣ нигарем, синну соли Озодаи Эмомалӣ нисбат ба бародараш мувофиқтар аст, чун Рустами Эмомалӣ дар соли 2020 низ синну солаш ба муддаии курсии раёсати ҷумҳури кишвар мутобиқат намекунад, барои он ки қонунгузории Тоҷикистон синни номзад ба мақоми президентиро 35 муайян кардааст. Барои пешниҳод кардани Рустами Эмомалӣ ба курсии раҳбарии Тоҷикистон бояд ин банди қонунро иваз кард ё раъйпурсӣ гузаронд? Ё шояд раисиҷумҳури Тоҷикистон барои эҳтиёт ба ҷои худ ду номзадро омода мекунад?

Ин суолҳое буданд, ки “Озодагон” ба чанд тан аз коршиносони мустақил муроҷиат кард:

Шокирҷон ҲАКИМОВ, ҳуқуқшиноси тоҷик, бар ин аст, ки дар интихоботи президентии ояндаи Тоҷикистон на танҳо бояд таваққӯи иштироки фарзандони раисиҷумҳури кунунии кишварро дошт, балки дар пешбарии номзадии худи ӯ низ набояд шак кард. "Табиист, ки фарзандони Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳаққи иштирок дар интихоботи президентиро доранду ин ҳаққро ба онҳо Сарқонун додааст. Аммо ҷиҳати дигари масъала дар он аст, ки то куҷо ин ҷойивазкуниро аҳзоби сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрванди қабул доранд”,-афзуд ӯ.

Ин ҳуқуқдони тоҷик илова кард, “таҷрибаи режимҳои худкома ва давлатҳои тоталитарӣ нишон медиҳад, ки чунин навъи нигаҳдории қудрат дар дасти оилаҳо имконпазир аст. То анҷоми давраи раёсати феълии Эмомалӣ Раҳмон, ки то соли 2020 аст, ҳанӯз вақт ҳаст. Аммо то куҷо сатҳи фарҳанги сиёсӣ боло мераваду фаъолияти воқеии бисёрҳизбӣ дар инъикоси афкори умум амалӣ мешавад, чизе гуфта наметавонам. Солҳои охир Эмомалӣ Раҳмон дар раҳбарии кишвар бештар ба Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон пайравӣ мекунад, ки бо идораи афкори умуму роҳандозии барномаҳои дарозмуддат вонамуд мекунад, ки дар кишвар фаъолияти бисёрҳизбӣ вуҷуд дорад, аммо дар амал фарзандону наздикони худаш дар мансабҳои калидӣ таъин мешаванд. Аз эҳтимол дур нест, ки барои омодакунии лоиҳаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории кишвар, ки ба Эмомалӣ Раҳмон дубора ҳаққи иштирок дар интихоботи президентии ояндаро медиҳад, дастур шудааст. Бо дар назардошти характеру шахсияти президент, бахусус тарзу усули раҳбари кишвар дар шароити вуҷуд надоштани низоми конститутсионӣ, парлумонӣ ва гуногунҳизбӣ, метавон гуфт, ки сенарияи иштироки худи раисиҷумҳури феълӣ дар интихоботи оянда ё пешбарии номзадии яке аз шахсиятҳои наздики Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми раҳбарии кишвар дар ҳоли коркард мебошад.”

Парвиз МУЛЛОҶОНОВ, коршиноси тоҷик, мегӯяд, то интихоботи президентии ояндаи Тоҷикистон вақт ҳаст, аммо эҳтимоли пешбарии яке аз наздикони Эмомалӣ Раҳмон ба курсии раёсати кишвар низ аз эҳтимол дур нест. “Дар аввал бояд корро то интихобот расонду заминаи мувофиқ фароҳам овард. Агар дар кишвар шароити хуби иқтисодӣ ба миён оварду дар бархе маврид ислоҳот гузаронда шавад ва фишори иҷтимоӣ аз сари мардум дур гардад, танҳо дар ин сурат ҷомеа пешбарии номзадии раисиҷумҳури феълиро ба мақоми президенти ояндаи Тоҷикистон қабул хоҳад кард”,-мегӯяд ӯ.

Ойниҳол БОБОНАЗАРОВА, ҳуқуқшинос ва номзад ба мақоми президентии Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли гузашта, мегӯяд, аз рӯи қонун ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон ҳаққи пешбарии номзад ба мақоми президентиро доранд, албатта агар ба талаботи меъёрҳои муайяншуда ҷавобгӯ бошанд. Ба қавли ӯ, дар ягон кишвар чунин қонуне вуҷуд надорад, ки фарзандони президентро аз ҳаққи пешбарии номзадияшон ба мақоми раисиҷумҳури кишвар маҳрум кунад. “Ба ин монанд, номзадҳо дар Озарбойҷон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дида мешуд. Агар дар рафти интихобот шартҳои зерин иҷро шаванд: ҳар номзад ҳақ дорад, дар тамоми участкаҳои интихоботи нозирони худро аз сӯи ҷонибдоронаш таъин кунад, ки ин яке аз талаботи САҲА аз рӯи натиҷагирии интихоботи пешин мебошад. Ҳамзамон агар дар маъракаи қабл аз интихоботии нафаре аз фарзандони раисиҷумҳури феълӣ амволи давлатӣ сарф нашавад, пас онҳо бо номзадҳои дигари интихобот ҳуқуқи ягона доранду дар ин бора низ кори баде дида намешавад. Вале дар мавриди шахсияти муовини аввали вазири умури хориҷии Тоҷикистон, ки ин симатро духтари Эмомалӣ Раҳмон бар зимма дорад, метавон гуфт, ки ин чеҳраҳо бояд матбуотӣ бошанд. Чун дар сурати ғайр ҷомеаи наметавонад, ба фаъолияти онҳо баҳо гузорад ва ин барои мақомҳои баландпоя бисёр муҳим аст”,-таъкид дошт Бобоназарова.

Мусоҳиби мо афзуд, замоне номзадияш ба мақоми президентӣ пешниҳод шуда буд ва аксари мансабдорон ба ӯ гуфтанд, ҳоло ҷомеаи мо ба ин омода нест, ки ба ҳайси раҳбари худ занро интихоб кунад. “Вале агар Озода ба ин мақом пешниҳод шавад, гумон аст, ки онҳо ин суханонро боз дар ҳаққи ӯ гӯянд. Агар ин хонум ба мақоми президентӣ пешниҳод шаваду аз роҳи қонунӣ курсиро ба даст орад ва аз рӯи виҷдон вазифаашро дар назди мардум адо кунад, пеш аз ҳама ман хурсанд мешавам”,-хулоса кард Ойниҳол Бобоназарова.

Озодаи Эмомалӣ 36 сол дошта, номзади илмҳои ҳуқуқшиносист ва дар ҳоли ҳозир рутбаи дипломатии фиристодаи фавқулода ва мухтори дараҷаи 2-ро дорад. Ӯ солҳои 2005-2007 ба ҳайси атташе оид ба фарҳанг ва маорифи сафорати Тоҷикистон дар Амрико кор карда, солҳои 2007-2009 сардори Раёсати консулии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон буд. Аз соли 2009 то аввалҳои 2014 дар мақоми муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон кор карда, баъд аз рафтани Маҳмудҷон Собиров ба ҳайси сафири кишвар дар Ашқобод муовини аввали вазири умури хориҷӣ таъин гардид. Оиладор аст, соҳиби 5 фарзанд.

Вернуться назад