Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Сафари театри ҷавонон бо "Шабе дур Ватан" ба вилояти Суғд
Главная > Тоҷикистон > Сафари театри ҷавонон бо "Шабе дур Ватан" ба вилояти Суғд

Сафари театри ҷавонон бо "Шабе дур Ватан" ба вилояти Суғд


7 июн 2014, 09:16. Разместил: MG
Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидови шаҳри Душанбе бо намоишномаи “Шабе дур аз Ватан” дар вилояти Суғд қарор дорад.

Суҳроб Ҷанҷолов, яке аз ҳунармандони театри мазкур ба “Озодагон” гуфт, сафари онҳо 2 июн оғоз шуд ва то 17-уми моҳи ҷорӣ идома хоҳад кард. "Шабе дур аз Ватан"-ро то имрӯз дар муассисаҳои олии таълимӣ ва корхонаҳои мухталифи шаҳри Хуҷанд ва Донишкадаи металургии шаҳри Чкаловск намоиш додем. Дар чанд рӯзи дигар онро дар "Баҳористон", шаҳру ноҳияҳои Қайроққум, Исфара, Уротеппа, Ашту Ғончӣ ва чандеи дигар ҳам манзур хоҳем кард",-афзуд номбурда.

"Шабе дур аз Ватан" бар пояи ашъори Бозор Собир аз ҷониби ҳунарманд ва коргардон Нозим Меликов таҳия шудааст. Он дар фестивали театрҳои касбӣ- "Парасту-2011" сазовори ҷои дуюм гардид. Ҳамчунин дар 7-умин ҷашнвораи театрҳои миллӣ дар Афғонистон намоиш дода шуд.

Вернуться назад