Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Расул Мирзоев то 17 октябр дар боздоштгоҳ хоҳад буд
Главная > Хабарҳои ҷаҳон > Расул Мирзоев то 17 октябр дар боздоштгоҳ хоҳад буд

Расул Мирзоев то 17 октябр дар боздоштгоҳ хоҳад буд


25 август 2011, 07:56. Разместил: administrator
Додгоҳи Замоскворетскии шаҳри Маскав қаҳрамони ҷаҳон оид ба якҳарбаи омехтаро ба ҳабс гирифт.


22 август додрас Расул Мирзоевро бар ивази 5 миллион рубл гарав раҳо намуд, аммо баъди як рӯз суди шаҳри Маскав ин қарорро бекор карда, парвандаро барои аз нав баррасӣ кардан фиристод.
Дар ҷаласае вакилони дифои Мирзоев гуфтаанд, ки онҳо аллакай маблағи гаравро пардохта, ба додгоҳ санадҳои лозимиро пешниҳод кардаанд. Гуфта мешавад, Расул Мирзоев то 17 октябр дар боздошт хоҳад буд.

Ёдовар мешавем, Расул Мирзоев, ки дар ҷаҳони варзиш бо лақаби «Бабри сиёҳ» маъруф аст, 13 август дар маркази шаҳри Маскав дар назди клуби шабонаи «Гараж» донишҷӯи 19-соларо мушт мезанад. Иван Агафонов баъди 3 рӯз ба худ наомада дар беморхона фавтидааст.  
Агар Расул Мирзоевро тибқи бандҳое, ки гумонбар мешавад, муҷрим шиносанд, ӯро то 15 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.

Вернуться назад