Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Бозигарони тими миллии Олмон дар сурати пирӯзӣ дар Ҷоми ҷаҳон-2014 300 ҳазор евроӣ мегиранд
Главная > Хабарҳои ҷаҳон, Ҷавонон ва варзиш > Бозигарони тими миллии Олмон дар сурати пирӯзӣ дар Ҷоми ҷаҳон-2014 300 ҳазор евроӣ мегиранд

Бозигарони тими миллии Олмон дар сурати пирӯзӣ дар Ҷоми ҷаҳон-2014 300 ҳазор евроӣ мегиранд


20 июн 2014, 16:32. Разместил: MG
Дар сурати пирӯзӣ дар сабқати Ҷоми ҷаҳон -2014, бозигарони мунтахаби Олмон ҳар кадом 300 ҳазор евро хоҳанд гирифт. Сайти иттиҳоди футболи Олмон хабар додааст, ки дар сурати ба даври ¼ финалӣ роҳхат гирифтани даста, бозигарон 50 ҳазор евроӣ мегиранд. Барои ба нимфинал баромадан, 100 ҳазор евро ва барои роҳхати финал 150 ҳазор евро дарёфт мекунанд.

Яккачини Олмон дар марҳилаи ниҳойии Ҷоми Ҷаҳонии футбол шомили гуруҳи "G" буда, Гана, Португалия ва ИМА рақибонаш ҳастанд. Олмониҳо 16 июн бозии аввали худро бо Португалия 4:0 ба нафъи худ анҷом доданд. Фардо, 21 июн Олмон бо Гана қувваозмоӣ мекунад.

Мунтахаби Олмон ҳамагӣ се маротиба дар Ҷоми ҷаҳон дастболо шуда, чор бор ба даври финалӣ ва чор маротиба соҳиби медали нуқра шудааст.

Вернуться назад