Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Исфандиёри Назар: “Меравам! Ин дигар шарҳ намехоҳад”
Главная > Тоҷикистон, Иҷтимоӣ, Мусоҳибаҳо > Исфандиёри Назар: “Меравам! Ин дигар шарҳ намехоҳад”

Исфандиёри Назар: “Меравам! Ин дигар шарҳ намехоҳад”


4 июл 2014, 08:30. Разместил: administrator
Ин шабу рӯз бархе аз сокинони кишвар дар фикри муҳоҷират ба хориҷи дур ва дарёфти ҷои кори муносибу зиндагии шоистаанд. Ҳарчанд ин теъдод дар назари аввал кам менамояд, вале ба қавли соҳибназарон, дар солҳои оянда метавонад мисли муҳоҷирати тоҷикон ба Русия афзоиш ёбад. “Озодагон” аз се мусоҳиби худ пурсид, оё дар Тоҷикистон монданиянд ва ё ба хориҷа рафтаниянд?


Исфандиёри НАЗАР, шоир:
“Меравам! Ин дигар шарҳ намехоҳад - чун маълум аст, барои чӣ мераванд.”

Абдумалик ҚОДИРОВ, коршинос:
“Аслан, камбудӣ ҳеҷ вақт ба охир намерасад ва Шумо хоҳ дар Тоҷикистон бошед, хоҳ дар ҷои дигар, ҳамеша дар талоши зиндагӣ мешавед. Вале ҳастанд заруратҳое, ки инсон бояд дар марҳилаи муайян онҳоро пӯшонад, аз қабили сохтани хона, таълими фарзандон, харидани мошин, тӯи фарзандон ва ғайра. Барои ин заруратҳо инсон аз имконоти мавҷуда истифода хоҳад кард. Шахсан ҳамеша мекӯшам, ки “ба кӯрпаам нигоҳ карда поямро дароз кунам”. Яъне, хароҷотамро ба нақша гирам. Масалан, агар фарзандамро хононданӣ бошам, чанд сол пеш ба ин тайёрӣ мебинам: аз маошам пасандоз мекунам, кори иловагӣ мегирам ва ғайра. Ва, агар боз ҳам пул нарасад, қарз мегираму оҳиста-оҳиста бармегардонам. Ва ин ҳама дар худи Тоҷикистон, ба хориҷа намеравам. Шояд дар дигар ҷо ман зиёдтар пул кор карда тавонам, вале барои “аз нав сар кардан” ман “гурда надорам”. Барои ҳамин, ман бо он чи дорам, қаноат мекунам.”

Зулайхо УСМОНОВА, тарҷумон:
“Шахсан ба ҳеч куҷо намеравам ва шавҳари худро ҳам намегузорам, ки биравад. Лекин ин - ман ҳастам, ки маҳорати баланд дорам ва пул ёфта метавонам. Ба Ватани худ сахт ошиқ ҳастам. Аслан, фикр мекунам, дар хонавода ақалан ду нафар бояд кор кунанд, яъне зану шавҳар, ки дар Тоҷикистон аксари хонаводаҳо чунин нестанд. Шояд аз ин сабаб маҷбур мешаванд, ки ба ҷои дигар рафта, зиндагии беҳтарро ёбанд.”

Вернуться назад