Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Назарбоев Ангела Меркелро бо пирӯзии мунтахаби Олмон дар Ҷоми ҷаҳон табрик кард
Главная > Қазоқистон > Назарбоев Ангела Меркелро бо пирӯзии мунтахаби Олмон дар Ҷоми ҷаҳон табрик кард

Назарбоев Ангела Меркелро бо пирӯзии мунтахаби Олмон дар Ҷоми ҷаҳон табрик кард


14 июл 2014, 18:49. Разместил: MG
Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон дар робита ба пирӯзии тими миллии Олмон дар Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 Ангела Меркел, садри аъзами он кишварро табрик кардааст.

“Маҳорати баланд, бозии олии даставӣ ва талош барои пирӯзӣ ба мунтахаби Олмон имкон дод, ба рақибони нерӯманд дастболо шавад”, - омадааст дар барқияи табрикии Назарбоев. Дар идома гуфта мешавад, “дар робита ба пирӯзии мунтахаби Олмон дар Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол ва соҳиб шудан ба унвони қаҳрамонӣ барои бори чорум, тарикоти маро қабул намоед. Ғолибияти тими миллии Олмон таваҷҷуҳи тамоми ҷаҳонро ба худ ҷалб кард ва дар таърихи футбол сабт гардид”.

Ёдовар мешавем, дар дидори финалӣ, ки ҳамин шаб дар варзишгоҳи “Маракана”-и Рио -де -Жанейро баргузор шуд, олмониҳо бо ҳисоби 1:0 яккачини Аргентинаро шикаст доданд.

Вернуться назад