Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Суоли “Озодагон” аз мансабдорони тоҷик: Қаср доред?
Главная > Тоҷикистон, Сиёсат, Мусоҳибаҳо, Рӯ ба рӯ > Суоли “Озодагон” аз мансабдорони тоҷик: Қаср доред?

Суоли “Озодагон” аз мансабдорони тоҷик: Қаср доред?


15 июл 2014, 09:20. Разместил: hd
Дар пайи даъвати Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон барои қатъи қасрсозиҳо ва оғози сармоягузорӣ ба истеҳсолот “Озодагон” аз чанд мансабдор, вакили парлумон, фаъолони ҷамъиятӣ ва сокинони оддӣ дар бораи дороияшон суол кард:

Умед Давлатзод, муовини вазири рушди иқтисод

Ман чанд то хона дораму амволи дигар, инро декларатсия карда ба ҳукумат пешниҳод кардаам. Ман як ҳавлӣ дорам, ки дар давраи дар бонки тиҷоратӣ кор карданам, ба тариқи қарзӣ харида таҷҳизонидагиям ва баъди анҷоми он дар ҳамонҷо зиндагӣ дорам. Барои ман дача зарур нест вақте, ки ман ҳавлӣ дорам.

Ҳасаналӣ Карамалиев, муовини раиси палатаи Савдо ва саноат

Ман як хонаи дуҳуҷрагӣ дорам тамом ва дигар ҳеч чӣ надорам.

Маҳмадалӣ Ватанов, вакили парлумон

Ман як хона дорам, хонаи шахсӣ, хонаи хуб аст. Ман намедонам дигар қасру кушкаш чист?

Исмоил Талбаков, вакили парлумон

Ман як хона дорам ва онро ҳануз такмил накардам. Онро қарз гирифта сохтмон карда истодаам. Агар дача медоштам рафта ҳозир истироҳат мекардам.

Муҳаммад Эгамзод, корманди сафорати Тоҷикистон дар Русия

Ман ҳам дар Душанбе як хонаи 2 ҳуҷрагӣ дорам ва берун аз пойтахт чизи дигаре надорам.

Иззат Амон, раҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Маскав

Ман як хонаи дуошёна дар шаҳр дораму як мошин. Дар маскав як хонаи дуҳуҷрагӣ дораму як мошину як офис. Дар душанбе хонаи дуошёнаи иборат аз 8 дар хона. 5 тояш дар табақаи 1, 3 тои дигараш дар табақаи 2 ва мошин низ дорам. Вале он ки вазир як хонаи дуҳуҷрагӣ дорад ҳеч кас бовар намекунад. Гуфтаи президент, ки қасру кушксозиро бас кунед ба мансабдорон таъсир надорад. Аллакай ҳама ҳама чизро сохта гирифтанд ва агар ҳам созанд ба номи худашон намесозанд. Ҳеч таъсире нахоҳад гузошт. Ин як худнамоишдиҳӣ буд, ки гӯиё ғами мардумро мехуранд.

Шариф Муллоев, устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистон

Банда дар зиндагии хеш ҳеч гоҳ аз паи сохтани қаср набуд ва намешавад. Инсон худ бояд огоҳ бошад, ин қаср ва кушкҳоро ба олами дигар намебарад. Банда дар ҳавлии хоксорона бо аҳли байт иқомат дорад. Ба фикри банда ба ҷои қасру кушкҳо иморатҳо барои мардум созанд ва бо нархи на он қадар гарон фурӯшанд ин кори неке ҳам дар ин дунё ҳам дар олами дигар мешавад. Чизи дигареро бигӯям, ки агар корхона ва ҷойхои кории бо маоши хуб таъмин шавад, шояд муҳоҷирони мо ба ватан ба назди хонавода баргарданд. Ин амалҳоро пиёда созанд беҳтарин мешавад.

Вернуться назад