Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Президенти фирорӣ ба ҷои худ писари хурдияшро ба ҷаноза фиристодааст
Главная > Қирғизистон > Президенти фирорӣ ба ҷои худ писари хурдияшро ба ҷаноза фиристодааст

Президенти фирорӣ ба ҷои худ писари хурдияшро ба ҷаноза фиристодааст


5 август 2014, 10:08. Разместил: administrator
Аскар Акаев - раиси ҷумҳури фирории Қирғизистон аз ҳузур дар ҷанозаи бародараш Болот Акаев худдорӣ намуда, ба ҷои худ писари хурдиашро ба Ватан равон кардааст.

Илим Акаев, писари хурдии раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон, субҳи 5 август тавассути ҳавопаймои Маскав – Бишкек ба ватанаш омада, ӯро дар фурудгоҳи Манас холааш пешвоз гирифтааст. Ин дар ҳолест, ки пештар расонаҳои хабарии Қирғизистон аз сафари Акаев ба ватанаш хабар дода, гуфта буданд, эҳтимол меравад, ӯ рӯзи 5 август ба хотири иштирок дар ҷанозаи бародари бузургаш вориди ин кишвар шавад.

Аскар Акаев, ки аз кишвараш ба унвони “ҷазираи демократия” дар Осиёи Марказӣ ёд мешуд, моҳи марти соли 2005, дар пайи инқилоби лолаӣ ватанро тарк кард. Ҳоло ӯву онаводааш дар Маскав машғули кору зиндагии худ мебошанд.

Вернуться назад