Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Маслиҳати Русия барои худдорӣ кардани Аскар Акаев аз сафар ба Ватанаш
Главная > Қирғизистон > Маслиҳати Русия барои худдорӣ кардани Аскар Акаев аз сафар ба Ватанаш

Маслиҳати Русия барои худдорӣ кардани Аскар Акаев аз сафар ба Ватанаш


6 август 2014, 09:47. Разместил: administrator
Икромиддин Айтқулов, вакили мудофеи Аскар Акаев, раиси ҷумҳури фирории Қирғизистон далели наомадани зерҳимояи худ ба ҷанозаи бародарашро шарҳ додааст. Ӯ мегӯяд, мақомоти Қирғизистон ба ҳамтоёни руси худ гуфтаанд, наметавонанд, кафолати амнияти Аскар Акаевро ҳангоми ҳузур доштанаш дар ватан таъмин кунанд.

Айтқулов гуфтааст, “Акаев субҳи 5 август бар асоси нақша ба фурудгоҳ омада буд, вале мақомоти рус бо ӯ тамос гирифта, гуфтаанд, беҳтар аст, аз сафар ба ватан худдорӣ кунад, чун мақомоти қирғиз кафолати амнияти ӯро надодаанд. Кумитаи тадорукоти Қирғизистон низ қаблан тавсия дода буд, ки Акаев ба ин кишвар наояд, чун баъди ҷанозаи бародараш боздошти раиси ҷумҳури пешини ин кишвар ба нақша гирифта шудааст.”

Вакили мудофеи раиси ҷумҳури фирории Қирғизистон ин амалкарди мақомоти Бишкекро ғайриинсонӣ хонда, гуфтааст, онҳо нагузоштанд, ки зерҳимояаш бо бародари худ худоҳофизӣ кунад.

Аскар Акаев, ки аз кишвараш ба унвони “ҷазираи демократия” дар Осиёи Марказӣ ёд мешуд, моҳи марти соли 2005, дар пайи инқилоби лолаӣ ватанро тарк кард. Ҳоло ӯву онаводааш дар Маскав машғули кору зиндагии худ мебошанд. Расонаҳои хабарии Қирғизистон аз сафари Акаев ба ватан хабар дода, гуфта буданд, эҳтимол меравад, ӯ рӯзи 5 август ба хотири иштирок дар ҷанозаи бародари бузургаш вориди ин кишвар шавад. Вале раиси ҷумҳури фирории Қирғизистон аз ҳузур дар ҷанозаи бародараш Болот Акаев худдорӣ намуда, ба ҷои худ писари хурдиашро ба Ватан равон кардааст.

Вернуться назад