Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Раиси ҷумҳур барои боздошти бародари бузургаш амр кард
Главная > Қирғизистон > Раиси ҷумҳур барои боздошти бародари бузургаш амр кард

Раиси ҷумҳур барои боздошти бародари бузургаш амр кард


6 август 2014, 17:27. Разместил: administrator
Алмосбек Отамбаев, раиси ҷумҳури Қирғизистон, барои боздошт ва бозпурсии бародари бузургаш Калийбек Шаршенов ба Вазорати умури дохилии ин кишвар супориш додааст. Шаршенов як моҳи пеш аз сӯи марзбонҳои Русия боздошт ва баъдан раҳо гардида буд.

Ӯ яке аз одамони асосӣ дар қазияе дониста мешавад, ки 20 сол пеш дар ноҳияи Октябри Бишкек рух додааст. Бародари бузурги Отамбоев он замон молики ширкати “Адис” буда, ӯро дар иҷро накардани уҳдадориҳои шарики тиҷоратиаш гунаҳкор мешуморанд. “Аз ин парванда ба соддагӣ фаромӯш кардаанд. Дар он замонҳо Отамбаев ҳанӯз ба сиёсат напайваста буд. Ба назар мерасад, ҳеч кас ба дунболи хешовандии Отамбаев ва Шаршенов нарафт”,-навиштасаст нашрияи “Вечерний Бишкек”.

Мақомоти пулиси Қирғизистон мегӯянд, Алмосбек Отамбоев баробари огоҳ шудан аз қазияи ахири бародараш ба масъулон амр кардааст, нисбат ба ӯ аз қонун кор бигиранд. “Ҳангоме кормандони мақомот аз ин ҳодиса ба раиси ҷумҳур хабар доданд, ӯ супориш додааст, аз қонун кор бигиранд. Бидуни иҷозаи раиси ҷумҳур ба ҷавобгарӣ кашидани бародари ӯ баид буд”,-гуфтаанд кормандони мақомот.

Вернуться назад