Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Ноиби сарвазир: “Чаро иқдоме гирифтанӣ мешавем, ҳодисае рух медиҳад?”
Главная > Қирғизистон, Тоҷикистон > Ноиби сарвазир: “Чаро иқдоме гирифтанӣ мешавем, ҳодисае рух медиҳад?”

Ноиби сарвазир: “Чаро иқдоме гирифтанӣ мешавем, ҳодисае рух медиҳад?”


12 август 2014, 10:02. Разместил: administrator
Абдураҳмон Маматалиев – муовини нахуствазири Қирғизистон танишҳои ахир дар марзи кишвараш бо Тоҷикистонро дасти доираҳои манфитадор хонда, гуфтааст, гуруҳҳое ҳастанд, ки равобити наздики Бишкеку Душанберо намехоҳанд. Ӯ дар суҳбат бо хабарнигорон гуфтааст, “ҳар вақт ҷонибҳо мехоҳанд, дар робита ба масоили марзӣ иқдом кунанд, ҳодисае ба миён хоҳад омад.”

Ба гуфтаи муовини сарвазири Қирғизистон, бояд бар асоси тавофуқи ду ҷониб сохтмони роҳҳои мошингард дар минтақаҳои баҳсӣ дар нимаи аввали моҳи июли соли ҷорӣ оғоз мешуд, вале тирпаронии 10 июл онро дубора ба таъхир гузоштааст: “Мо на танҳо аз мақомоти тоҷик, аз мақомоти қирғиз низ савол мекунем, ки чаро ҳар вақт иқдоме гирифтанӣ мешавем, ҳодисае рух медиҳад? Вале, мутаассифона, ба ин савол ҳанӯз посух гирифта наметавонем.”

Маматалиев дар идома ба қазияи шоми 9 августи соли ҷорӣ дар гузаргоҳи Тупакӯл, воқеъ дар ноҳияи Ҷиргатоли ҳаммарз бо Қирғизистон, ки миёни марзбонони тоҷик ва як гуруҳи мусаллаҳи сенафарӣ аз ин кишвар тирпаронӣ сурат гирифт, дахл карда, гуфтааст, он ба масъалаи роҳҳо рабт надорад. Тавре Хадамоти марзбонии Қирғизистон хабар медиҳад, аз аввали соли ҷорӣ то кунун дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистон 37 ҳодиса ба қайд гирифта шудааст. Бори охир рӯзи 9 августи соли ҷорӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон тирпаронӣ сурат гирифта буд. Ба иттилои марзбонони тоҷик, дар пайи ин задухӯрди мусаллаҳона ду нафар боздошт шуда, яке аз онҳо ҳангоми муқовимат кушта шудааст.

Марзбонони тоҷик мегӯянд, ин се нафар ҳамагӣ шаҳрванди Қирғизистон буда, аз итоати онҳо сарпечӣ ва аз силоҳ кор гирифтаанд. Онҳо савори асп буда, бо худ силоҳи шикорӣ ва як дурбин доштаанд, ки марзи Тоҷикистонро ғайри қонунӣ убур кардаанд.

Вернуться назад