Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Оқил Оқилов: Роҳи пешгирифтаи Узбакистон созанда нест
Главная > Тоҷикистон, Сиёсат, Мусоҳибаҳо, Дидгоҳи хос > Оқил Оқилов: Роҳи пешгирифтаи Узбакистон созанда нест

Оқил Оқилов: Роҳи пешгирифтаи Узбакистон созанда нест


18 сентябр 2014, 08:32. Разместил: MG
Оқил Оқилов, нахуствазири пешини Тоҷикистон мушкилии асосии имрӯзу дирӯзи кишварро ба вобастагии ҷумҳурӣ "ба омилҳои беруна" марбут донистааст.

Оқил Оқилов ин нуктаро аснои суҳбати рӯбарӯ бо хабарнигорони торнамои "Pressa.tj" изҳор доштааст. Ба қавли ӯ, солҳои қабл, вақте кишвар бо Узбакистони ҳамсоя дар соҳаи расонидани захираҳои энергетикӣ ҳамкорӣ дошт, мушкил камтар буд ва ҳамаи масъалаҳои вобаста ба дастрас намудани захираҳои энергетикӣ бо роҳи гуфтушунид, бо назардошти манфиатҳои ҳарду ҷониб ҳаллу фасл мегардиданд. "Мутаассифона, ҳамсояи мо минбаъд роҳи дигарро пеш гирифт ва ин роҳ - роҳи созанда нест. Баромадани Тоҷикистон аз шабакаи ягонаи барқӣ, роҳбандиҳо ва надодани гази табиӣ ва ғайра хоҳ нохоҳ ба иқтисодиёти кишвар таъсири худро гузошт, ки ин ба манфиати ҳарду тараф нест. Вале кишвари мо, ки дар ин ҷо фарорасии гуруснагию қашшоқиро пешгӯйӣ мекарданд, аз ин вартаҳо наҷот ёфт ва ҳоло рушд карда истодааст",- таъкид кардааст ҷаноби Оқилов.

Нахуствазири собиқ ҳамчунин ба ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Қазоқистон ишора карда, гуфтааст, "вақте Тоҷикистон ҳанӯз дар ҳалқаи ягонаи энергетикӣ буд, Қазоқистон аз кишвари мо 10 миллион доллар аз ҳисоби барқ қарздор буд. Аммо дар он ҷо ташкилотҳое, ки ин барқро истифода бурда буданд, аз байн рафтанд. Вақте ки ман бо сарвазири ин кишвар дар тамос шуда, масъаларо фаҳмондам, мо якҷоя роҳи ҳалли онро ёфтем ва қазоқҳо ба ивази ин қарз сӯзишворӣ ва ғалладона доданд".

Оқил Оқилов, ки аз соли 1999 дар курсии нахуствазирӣ менишаст, авохири моҳи ноябри соли 2013 бознишаста шуд ва симматашро дар ихтиёри Қоҳир Расулзода, райиси вилояти Суғд гузошт.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)

Вернуться назад