Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Баҳси масоили марзӣ дар суҳбати Расулзода бо Отамбоев
Главная > Қирғизистон, Тоҷикистон > Баҳси масоили марзӣ дар суҳбати Расулзода бо Отамбоев

Баҳси масоили марзӣ дар суҳбати Расулзода бо Отамбоев


15 ноябр 2014, 11:52. Разместил: CV
Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон дар доираи сафараш ба Қирғизистон бо Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури ин кишвар вохурдааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти раёсатҷумҳури Қирғизистон, дидори Расулзода бо Отамбоев рӯзи 14 ноябр дар шаҳри Бишкек сурат гирифтааст. Манбаъ мегӯяд, ҷонибҳо дар ин мулоқот масоили марбут ба равобити Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ кардаанд.

Раисҷумҳури Қирғизистон аз ҷумла ба масоили баҳси марзӣ дахл карда, ба таъмини муштараки амният дар манотиқи сарҳадии ду кишвар ва анҷоми саривақтии корҳои аломатгузории хатти марз таъкид кардааст.

Инчунин Расулзода ва Отамбоев рушди равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистонро бисёр муҳим хонда, хостори тавсеаи ҳамкории иқтисодии ду кишвар, аз ҷумла ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ва нақлиёт шудаанд.

Вернуться назад