Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Сафари генерал Раҳимзода ба Бадахшон
Главная > Тоҷикистон, Иҷтимоӣ > Сафари генерал Раҳимзода ба Бадахшон

Сафари генерал Раҳимзода ба Бадахшон


1 декабр 2014, 11:34. Разместил: hd
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, субҳи имрӯз, 1-уми декабр бо як сафари корӣ озими вилояти Бадахшон шудааст.

Дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ ҳадафи сафари генералро шиносоӣ бо шароити хизматӣ ва фаъолияти кории ҳайати шахсӣ дар Бадахшон арзёбӣ карда, афзуд, ки инчунин Рамазон Раҳимзода барои санҷиши омодагиҳо ба зимистон, ба шаҳру ноҳияҳои Бадахшон сафар хоҳад кард: "Барои омодагии ҳайати шахсӣ ба номусоидии обу ҳаво, пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор, садамаҳои нақлиёти дар роҳҳои кӯҳсор чораандешӣ хоҳад шуд.”

Ин сафар дар ҳолест, ки ҳафтае қабл полковник Абдулваҳҳоб Искандарзода бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон сардори Раёсати умури дохилии вилояти Бадахшон таъйин гардид. Ба иттилои дафтари матбуоти ВКД, Искандарзода то кунун дар Шуъбаи умури дохилии шаҳри Кӯлоб кор мекард.

Ӯ дар ин мақом полковник Файзулло Нозимовро иваз намуд, ки дар пайи ҳодисаҳои моҳи майи соли ҷорӣ дар Хоруғ бо дархости сокинон дар қатори раҳбарони Идораи амнияти миллӣ ва додситонии Хоруғу Бадахшон барканор шуда буд.

Вернуться назад