Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Transparency International: Қазоқистон мавқеашро 14 зина беҳтар кард
Главная > Қазоқистон > Transparency International: Қазоқистон мавқеашро 14 зина беҳтар кард

Transparency International: Қазоқистон мавқеашро 14 зина беҳтар кард


4 декабр 2014, 15:43. Разместил: MG
Қазоқистон дар рейтинги нави созмони ҷаҳонии Шаффофияти байналмилал ё Transparency International, ки вазъи фасод дар 175 кишвари ҷаҳонро инъикос мекунад, мавқеашро нисбат ба соли сипаришуда 14 зина беҳтар кардааст. Ин кишвар ҳоло бо 29 хол ҷойи 126-ро намояндагӣ мекунад.

Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ мақоми аз ҳама поин насиби Туркманистон шудааст, ки бо гирифтани 17 хол дар раддаи 169-уми ҷойгир аст. Тоҷикистон бо 23 имтиёз ҷои 152, Узбакистон бо 18 хол дар мақоми 166 ва Қирғизистон бо 27 хол дар мақоми 136-уманд.

Дар миёни 175 кишвари дунё аз ҳама мизони пасти фасодкорӣ дар Дания, Зеландияи Нав ва Финляндия қайд шудааст, ки мувофиқан 92, 91 ва 98 хол аз 100-ро гирифтаанд. Аз ҳама кишвари фасодзадаи дунё Кореяи Шимолӣ ва Сомалӣ муаррифӣ шудаанд, ки танҳо 8 холӣ доранд.

Ин феҳрист аз рӯйи назарпурсиҳои коршиносон ва тоҷирон таҳия мешавад. Натиҷаи ҳадди аксар аз руйи 100 хол муайян мешавад. Имсол Дания бо 92 хол дар зинаи аввал қарор гирифтааст.

Вернуться назад