Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Пешниҳоди номи Зайд Саидов ба мақоми сарвазири Тоҷикистон
Главная > Тоҷикистон, Қазияи Зайд Саидов, Сиёсат, Дидгоҳи хос, Тема дня > Пешниҳоди номи Зайд Саидов ба мақоми сарвазири Тоҷикистон

Пешниҳоди номи Зайд Саидов ба мақоми сарвазири Тоҷикистон


25 декабр 2014, 13:19. Разместил: hd
Барзу Абдурраззоқов, коргардони маъруфи тоҷик бо нашри як изҳорот аз таъсири манфии буҳрони Русия ба вазъи иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон ҳушдор додааст.

Ҷаноби Абдураззоқов пойбандии Тоҷикистонро ба маблағҳои воридотии муҳоҷирон зикр карда, аз он интиқод намудааст, ки то ҳол мақомдорони тоҷик барои коҳиши ин пойбандӣ иқдоми назаррасе накарданд: “Акнун вақт гузашт. Ба зудӣ шамоли буҳрони Русия, ки натиҷаи сиёсати ғасбкоронаи Владимир Путин аст, ба Тоҷикистон низ мерасад.”

Ин коргардони маъруфи тоҷик барои коҳиш додани таъсири манфии буҳрони Русия ва беҳбуди вазъи иқтисодию иҷтимоӣ дар Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ба Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшудаи тоҷик озодӣ ва курсии сарвазирӣ дода шавад: “Бигзор Зайд Саидов кабинаи вазирони худро ташкил ва дар вазъи фавқулодаи иқтисодӣ фаъолиятро оғоз кунад.”

Коргардони маъруф илова намудааст, татбиқи чунин иқдом хоси шоҳони хирадманд аст, ки дар рӯбарӯи мушкилӣ рақибонашро бахшида, муштаракан барои рафъи он талош мекарданд.

Барзу Абдураззоқ дар охир суол гузоштааст, ки "оё чунин фармонравои одил дар мо низ ҳаст? Мебинем..."

Вернуться назад