Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Кумита: Хушкшавии шоҳбулутҳо дар Душанбе айби Узбакистон аст
Главная > Тоҷикистон, Иҷтимоӣ, Рӯ ба рӯ, Тема дня > Кумита: Хушкшавии шоҳбулутҳо дар Душанбе айби Узбакистон аст

Кумита: Хушкшавии шоҳбулутҳо дар Душанбе айби Узбакистон аст


13 январ 2015, 11:18. Разместил: MG
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон эътироф намуд, ки соли сипаришуда дар қаламрави шаҳри Душанбе ҳазору чор адад шоҳбулут, ки аз кишвари Белгия оварда шуд, хушк гардидаанд.

Толибҷон Раҳимов, сардори раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе дар имрӯз дар нишасти хабарии созмонёфтае дар хушкшавии ин шоҳбулутҳо ҷониби Узбакистонро айбдор кард. Ӯ гуфт, замони интиқоли ин дарахтон аз Аврупо ба пойтахти Тоҷикистон тавассути Узбакистон ин кишвар ба таъхиркорӣ роҳ дод, ки дар натиҷа решаи онҳоро дар сарҳади кишвар ҳамсоя хунукӣ задаааст ва ин монеи сабзиши онҳо шуд.

Ҷаноби Раҳимов дар идома гуфт, буҷаи Тоҷикистон аз хушкшавии шоҳбулутҳо зиён надидааст, зеро ба қавли ӯ, ширкате, ки ин дарахтонро овардааст, барои онҳо як сол кафолат дода буд. Сардори раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе мегӯяд, аз ҳазору чор шоҳбулути хушкшуда то имрӯз 667 адади он барқарор шудааст.

Шоҳбулутҳои белгии хушкшуда баҳори соли сипаришуда бар ивази 22 миллион сомонӣ харидорӣ шуда дар кӯчаву хиёбонҳои Душанбе шинонда шуд, аммо аксаран хушк гардид ва онҳоро зуд аз реша тоза карданд. Ба ҳисоби миёна ҳар яки ин шоҳбулутҳо ҳудуди 1500 доллари амрикоӣ нарх дошт.

Толибҷон Раҳимов афзуд, дар маҷмӯъ дар ҳудуди пойтахти кишвар беш аз 43 ҳазор ниҳол шинонда шудааст, ки 85 дарсади онҳо сабзидаанд.

Вернуться назад