Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Ислом Каримов боз барои курсии президентӣ талош мекунад
Главная > Узбакистон > Ислом Каримов боз барои курсии президентӣ талош мекунад

Ислом Каримов боз барои курсии президентӣ талош мекунад


15 январ 2015, 15:14. Разместил: MG
Ҳизби либерал-демократии Узбакистон номзадии Ислом Каримов, райисиҷумҳури амалкунандаи ин кишварро ба мақоми президентӣ пешбарӣ кардааст.

Бино ба иттилои расонаҳо, номзадии Каримови 76-сола дар анҷумани ҳизби мазкур пешниҳод ва тасдиқ шудааст. Интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Узбакистон 29 марти соли равон баргузор мешавад.

Ислом Каримов, ки аз соли 1989 Узбакистонро раҳбарӣ мекунад, бори охир соли 2007 ба муҳлати 7 сол ба ин симмат интихоб гардид.

Ӯ 30 январи соли 1938 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Аз соли 1989, вақте котиби аввали Кумитаи марказии Ҳизби коммунистӣ шуд, Узбакистонро раҳбарӣ мекунад. Моҳи марти соли 1990 дар ҷаласаи Шӯрои олии Узбакистони шӯравӣ президент интихоб гардид ва дар чанд интихоботи раёсатҷумҳурие, ки дар кишвараш баргузор шуд, дастболо гардид. Каримовро дар Тоҷикистон ба унвони рақиби сарсахти бунёди неругоҳи “Роғун” мешиносанд. Дар масъалаи истифодаи об Тошканд ҳамеша бо Душанбе ихтилофи назар дорад. Боздошти қаторҳо, мошинҳои молу коло дар қаламрави Узбакистонро ҳам ба ҳамин ихтилофҳо рабт медиҳанд.

Вернуться назад