Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Иқрори Ҳоҷӣ Рустам: "Аз карда пушаймонам" (ВИДЕО)
Главная > Тоҷикистон, Дидгоҳи хос > Иқрори Ҳоҷӣ Рустам: "Аз карда пушаймонам" (ВИДЕО)

Иқрори Ҳоҷӣ Рустам: "Аз карда пушаймонам" (ВИДЕО)


22 январ 2015, 12:09. Разместил: CV
Рустам Ҷӯраев, директори бозори “Назари Нек”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, ки дар марги Зиёдбек Ҷӯраев ва латту кӯби Эраҷ Исоев - донишомӯзони ноболиғ муттаҳам мешуд, ба айби худ иқрор карда, гуфт, сахт пушаймон аст.

Ӯ зимни барномае тавассути телевизиони "Симои мустақали якуми Хуҷанд" изҳор дошт, ин амал барқасдона не, балки тасодуфӣ буда, фикр мекарданд, ин ду ноболиғ дузди ҳирфаӣ мебошанд: “Худамонро идора карда натавонистем ва ҳама каса онҳоро латту кӯб кардем. Аз ин кори кардаи худ сахт пушаймон ҳастем.”



Мақомоти пулиси вилояти Суғд рӯзи 17 январи соли равон аз ҳалокати як ноболиғи хонандаи мактаб-интернат хабар доданд, ки дар пайи латту кӯби директор ва муҳофизони бозори “Назари нек”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷон додааст.

Манбаъ гуфт, тахминан соати 01:30-и 15-уми январ ноболиғон Исоев Эраҷи 16-сола ва Ҷӯраев Зиёдбеки 17-сола, хонандагони мактаб-интернати бачагонаи шаҳри Чкалов ба маркази савдои «Сабрина», воқеъ дар бозори «Назари Нек»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров омада, бо роҳи шикастани дари мағозаи хӯрокворӣ, аз хазинаи он 386 сомонӣ маблағи пулиро гирифтаанд: “Ноболиғон аз ҷамъшавии кормандони бозор огоҳ шуда, барои ба дасти онҳо наафтидан ба дохили анбори мағоза даромада, дари онро аз дохил маҳкам мекунанд ва пинҳон мешаванд.”

ба гуфтаи пулис, директори бозори «Назари Нек», Ҷӯраев Рустамҷони 39-сола бо ду корманди дигари ин бозор - Юсуфов Бобурҷони 29-сола ва Файзиев Аҳлиддини 37-сола ноболиғонро аз дохили анбор бароварда, бо истифода аз мушту лагад ва пояи мизи пластмассӣ онҳоро зери лату кӯб қарор додаанд: “Дар натиҷа, ноболиғ Ҷӯраев Зиёдбеки 17 сола, ки ятим будааст, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Ноболиғи дигар Исоев дар беморхона бистарӣ гардидааст.”

Вернуться назад