Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Вазири умури хориҷии Қирғизистон ба Душанбе меояд
Главная > Қирғизистон > Вазири умури хориҷии Қирғизистон ба Душанбе меояд

Вазири умури хориҷии Қирғизистон ба Душанбе меояд


7 феврал 2015, 16:17. Разместил: CV
Эрлан Абдилдаев, вазири умури хориҷии Қирғизистон дар доираи як сафари расмӣ ба шаҳри Душанбе меояд.

Тавре дафтари матбуоти ВУХ-и кишвар иттилоъ медиҳад, Абдилдаев рӯзи 9 феврали соли равон вориди Душанбе шуда, сафари расмии ӯ ба Тоҷикистон то 11 феврал идома хоҳад ёфт.

Сафари расмии вазири умури хориҷии ин кишвари ҳамсоя ба Душанбе дар ҳолест, ки Абдурраҳмон Маматалиев, муовини нахуствазири Қирғизистон дар суҳбат бо хабаргузории “24.kg” гуфта буд, ҳукумати Тоҷикистону Қирғизистон ба тавофуқ расидаанд, ки аз ин ба баъд дар масоили марзӣ бар асоси вазъи ба вуҷудомада амал хоҳанд кард, на тибқи харита. Ба гуфтаи Маматалиев, онҳо дар сатҳи ҳукумат хулоса ва пешниҳодҳои худ дар бораи макони убури хатти марзро баррасӣ карда, ба ҳамтоёни тоҷикашон супоридаанд, ки мавриди омӯзиш қарор дорад.

Тоҷикистону Қирғизистон тӯли 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз он 567 километраш аломатгузорӣ шудаасту бас. Ин номуайянӣ боис мегардад, ки миёни сокинони наздимарзӣ мунтазам даргириҳо сурат гиранд.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ибтидои ҳафтаи оянда низ ҳайате аз Ҷопон таҳти раҳбарии Киёши Кодера, ноиби раҳбари Оҷонсии ин кишвар оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ вориди Душанбе хоҳанд шуд.

Ба иттилои манбаъ, Чарн Ҷулламон, сафири Тайланд дар Тоҷикистон (муқими шаҳри Остона) аз 11 то 20 феврали соли равон сафари кориеро ба Душанбе анҷом хоҳад дод.

Вернуться назад