Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Суғд: Куштори ноболиғи ятим
Главная > Ҳуқуқи инсон > Суғд: Куштори ноболиғи ятим

Суғд: Куштори ноболиғи ятим


19 феврал 2015, 10:41. Разместил: MG
Ғайрат Ҳаким,
Алишери Толиб

Зиёдбеку Эраҷ аз мардҳо илтиҷо мекарданд, ки онҳоро назананд, ятиму бекасанд, гурусна монданд, вале се марди ихтиёр аз даст дода, ноболиғонро бо мушту лагад ва пояи курсӣ мезаданду мезаданд...

Ин ҳодиса ҳанӯз аз забони мардум дур нарафтааст. Одамони зиёд қотилонро маҳкум карда, лаънат мехонанд. Ҳатто нафароне ҳам ёфт шуданд, ки ба чунинаш бовар накарданд, зеро аз марди Хонаи Худоро зиёрат карда, ин хел ваҳшониятро умедвор шудан ба ақл рост намеояд.

Ҳоҷӣ Рустам Ҷӯраев ва ҳамроҳонаш худро ҳокими мутлақ шуморида ба айбдоршавандагон ҳукм бароварданд ва ду ятимбачаро то мурдан заданд.
Маркази матбуоти Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд хабар дод, ки воқеа 16 январи соли равон тахмин соати якуними шаб рух додааст. Ду ноболиғ - Эраҷ Исоеви 16 сола ва Зиёдбек Ҷӯраеви 17 сола, ки ҳарду тарбиятгирандагони мактаб - интернати шаҳри Чкалов буданд, ба маркази савдои «Сабрина», ки дар бозори «Назари нек»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷой гирифтааст, омада, оинаи дари мағозаи озуқавориро шикаста, ба он медароянд ва аз хазина 386 сомонӣ маблағи савдо ва як миқдор озуқа мегиранд.

Садои шикастани оинаи дарро посбони бозор Бобур Юсуфов шунида, ба маҳали ҳодиса омада фаҳмид, ки ба мағоза дуздон даромадаанд ва барои боздошти онҳо кӯшиш кард. Ноболиғон ошкор шуданашонро фаҳмида, ба анбори мағоза даромаданду дарро аз дарун маҳкам карданд. Бобур он жо истода ба раиси бозор Ҳоҷӣ Рустам Ҷӯраев аз воқеа хабар дод. Дере нагузашта, Ҳоҷӣ Рустам Ҷӯраев ва сардори бахши бехатарӣ Аҳлиддин Файзиев, мудири мағоза Набиҷон Тоҷиев ба бозор расида омаданд. Бобур Юсуфов ва Аҳлиддин Файзиев ба анбор даромада, ноболиғонро ба берун кашида бароварданд.

Рустам Ҷӯраеви 39 сола, Бобур Юсуфови 29 сола ва Аҳлиддин Файзиеви 37 сола ду ноболиғро мушту лагадкӯб карданд ва бо ин қаноатманд нашуда, пояи мизи пласмасиро гирифта, ба ҳар жойи рост омада заданд. Ду пайкари лоғару нозук дар фарш аз дард ба худ мепечиданд. Ноболиғон зорию тавалло менамуданд, ки назананд, онҳо гуруснаанд, аз ноилоҷӣ ин корро карданд. Вале илтиҷои онҳо ба муштзӯрон асар накард, дар вужуди онҳо заррае раҳму шафқат ҷой нагирифт.

Баъди аз ҳуш рафтани ноболиғон Ҳоҷӣ Рустам Ҷӯраев ба тобеонаш фармуд, ки хуни фаршу деворро тоза карда, ба милитсия занг зананд. Бо даъвати посбони бозори «Назари нек» ба маҳалли ҳодиса мошинҳои милитсия ва ёрии таъҷилии тиббӣ расида омаданду ноболиғонро ба беморхона бурданд, аммо Ҷӯраевро табибон наҷот дода натавонистанд. Вай аз ҷароҳатҳои гирифтааш дар беморхона вафот кард. Ноболиғи дигар Эраҷ Исоев ҳоло дар беморхона бистарӣ мебошад ва табибон барои нажот додани вай мубориза мебаранд. Зиёдбек Ҷӯраеви бе падару модар, зодаи деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ, дар мактаб-интернати шаҳри Чкалов ҳамроҳи хоҳару додараш тарбия мегирифт. Ҷавони ғӯрамаргро хешу табораш дар қабристони деҳаи Айнии ноҳияи Зафаробод ба хок супурданд.

Оид ба ин ҳодиса прокуратураи ноҳияи Бобожон Ғафуров бо дастрасии қисми 3, банди «в» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қасдан расонидани осеби вазнини жисмонӣ, ки сабаби ҳалокати одам шудааст) парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуд. Ҳоло тафтиш аз тарафи муфаттишони ШВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров идома дорад. Дар ин модда аз 12 то 20 сол маҳрумӣ аз озодӣ, бо мусодираи амвол пешбинӣ шудааст. Ҳоло раиси бозори «Назари нек» Ҳоҷӣ Рустам Ҷӯраев, сардори бахши бехатарии бозор Аҳлиддин Файзиев ва посбон Бобур Юсуфов боздошт шудаанд ва дар ҳабси тафтишотӣ қарор доранд.

Ҳоҷӣ Рустам Ҷӯраев, ки оиладор ва падари панҷ фарзанд мебошад, лаҳзае худ ё фарзандонашро ба ҷойи ду ноболиғи ятим нагузошт? Бо вуҷуди он ки ноболиғон дуздӣ карданд, вай ва ҳамроҳонаш ҳуқуқи ҳукм баровардану ҷазо додани Зиёдбеку Эраҷро надоштанд. Ин ҷо беихтиёр саволе ба миён меояд. Ду тарбиятгирандаи мактаб- интернати шаҳри Чкалов дар чиллаи зимистон соати якуними шаб ба бозори Бобожон Ғафуров чӣ тавр пайдо шуданд, магар онҳоро касе надид? Мураббиёну навбатдорон чаро аз бедарак шудани ду тарбиятгиранда бехабар монданд? Ин чӣ хел мактаб - интернати бедарвоза будааст?

Сардори Раёсатимаорифи вилояти Суғд Муҳаббат Маҷидзода гуфт, ки сардори мактаб - интернати шаҳри Чкалов Гулнора Мадаминова аз вазифа барканор карда шуд. Чӣ тавре, ки дар боло қайд кардем, дар атрофи ин воқеаи гӯшношунида мавҷи хашму ғазаби мардум ба миён омад. Аксар дар ҳодиса раиси бозорро айбдор меҳисобанд. Вай ба ҷойи масъаларо хушӣ ба хушӣ, бо роҳи қонунӣ ҳал кардан, ба «говсуд» роҳ дод.
- Ҳоҷӣ Рустам Ҷӯраев марди доро буда, соҳиби се ҳавлӣ ва ду мошин мебошад,- гузориш додааст мухбири телевизиони Симои мустақили 1. -Бо ин қадар дороӣ барои 386 сомонӣ ду кӯдаки ятимро ин қадар бераҳмона задааст. Магар ин нишони чашмгуруснагӣ нест?

Дар навори телевизионии «Сипар»-и РВКД-и вилояти Суғд Рустам Ҷӯраев, ки ба куштори ноболиғи 17 сола айбдор дониста мешавад, чӣ тавр лату кӯб кардани ду нафари ба дуздӣ айбдоршавандаро нишон дод. Вай мисли ҳайвон рафтор намуд. Дар навор раиси бозор ҳатто маротибае сарашро хам накард, гӯё корнамоӣ нишон дода бошад.

Айбдоршаванда Аҳлиддин Файзиев, ки сардори бахши бехатарии бозори мазкурро ба ӯҳда дошт, иброз намуд, ки кирдори Ҳоҷӣ Рустам Ҷӯраев ғайриқонунӣ буд.
- Ятимонро мисли ҳайвон кӯфтан пас фармуд, ки хуни фаршу деворро тоза кунем, то ки милисаҳо онро набинанд,- илова намуд вай.

- Баъди боздошти ду ноболиғ Ҳоҷӣ Рустам Ҷӯраев бо мушту лагад ба синаи ҳарду зад,- баён кардааст Аҳлиддин.- Зада онҳоро афтонд, ҳарду зорӣ мекарданд, ки назанад, онҳо гуруснаанд, вале Ҳоҷӣ Рустам Ҷӯраев ба гуфти бачаҳо аҳамият надод.
- Мо гумон кардем, ки ба бозор дуздони касбӣ даромадаанд ва худамонро идора карда натавонистему ҳамакаса онҳоро задем, - худашонро сафед намуд Ҳоҷӣ Рустам Ҷӯраев.
Ҳамаи инро таҳлил намудан пас, беихтиёр мақоли халқӣ ба ёд омад, ки он дар ҳаққи Ҷӯраев баринҳо гуфта шудааст:
«Дуздро бахшидану фаҳмидан мумкин, қотилро бахшида намешавад, вале баъзан фаҳмидан мумкин, разили нобакорро на бахшида мешаваду на фаҳмида».

«Фараж»

Вернуться назад