Главная > Тоҷикистон, Иҷтимоӣ, Дидгоҳи хос, Тема дня > Маҷруҳшавии сарроф дар пайи як ҳамлаи мусаллаҳона

Маҷруҳшавии сарроф дар пайи як ҳамлаи мусаллаҳона


26 феврал 2015, 09:46. Разместил: hd
Мақомоти пулиси вилояти Суғд Маҳкамов Мадаминҷон, сокини 50-солаи ҷамоати Лаккони ноҳияи Исфараро дар ҳамлаи мусаллаҳона ба корманди нуқтаи мубодилаи асъор муттаҳам мекунад.

Тавре аз Раёсати умури дохилии Суғд ба “Озодагон” иттилоъ доданд, айбдоршаванда 24-уми феврали соли равон, як саррофи ин ноҳияро, ки ба харидуфурӯши асъор машғул аст, гӯиё барои иваз намудани маблағ ба мошини худ, “Хундай порте” даъват намуда, бо корд ба ӯ таҳдид кардааст, ки маблағро диҳад: “Ба сарроф муяссар шудааст, ки аз мошин фирор кунад, вале дар ин ҳангом аз дасташ ҷароҳат бардоштаст”.

Манбаъ мегӯяд, феълан айбдоршаванда дар боздошт буда, алайҳи ӯ аз рӯи ду модда-32, сӯиқасд ба ҷон ва моддаи 249-роҳзанӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Вернуться назад