Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Хотираи ҷопониҳоро дар Данғараву Кӯлоб пос медоранд
Главная > Тоҷикистон > Хотираи ҷопониҳоро дар Данғараву Кӯлоб пос медоранд

Хотираи ҷопониҳоро дар Данғараву Кӯлоб пос медоранд


27 сентябр 2011, 11:36. Разместил: administrator
Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маориф ба  ноҳияи Данғара ва шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дод.


Тавре ба «Озодагон» аз дафтари матбуотии ин вазорат иттилоъ доданд, ҷаноби Раҳмоновро дар ин сафар Йошихиро Накоямӣ, сафири Ҷопон дар Тоҷикистон, Иида Сан, намояндаи агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон, Ғуломҷон Бобозода, сафири Тоҷикистон дар Ҷопон ва Олим Раҳимов, мудири шӯъбаи робита бо кишварҳои хориҷии дастгоҳи иҷроияи президент ҳамроҳӣ намуданд. Дар филиали донишгоҳи аграрии ноҳияи Данғара меҳмононро устодону донишҷӯён ва хонандагони литсейи касбии саноати кишоварзии ба номи Ютако Акинои ноҳияи Данғара пешвоз гирифтанд.

Манбаъ афзуд, раиси ноҳияи Данғара М. Саидалиев меҳмононро хайрамақдам гуфта, аз рушди ҳамкориҳои судманди давлати Ҷопон ва Тоҷикистон бахусус, иқдомоти ин кишвар дар ноҳияи Данғара суханронӣ намуд. Аз ҷумла таъкид намуд, ки боиси ифтихор аст, ки яке аз муассисаҳои таълимии ноҳия ба номи фарзанди баруманди Ҷопон, профессор Ютако Акино номгузорӣ шудааст.   Зимнан, омӯзгорон ва шогирдони литсейи касбӣ низ аз фаъолияти илмӣ ва давлатии ин шахсияти сулҳдӯст, ки дар давраи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар синни 38-солагӣ ба ҳалокат расидааст нақл карданд.

Меҳмонони ҷопонӣ таъкид карданд, ки тавассути  агентии ҳамкориҳои байналмилалии ин кишвар, имрӯз дар Тоҷикистон дар мавриди роҳсозӣ, таъминот бо оби нӯшокӣ ваа ҳамкориҳои гуманитарӣ бахусус, таҳсили шаҳрвандони тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷопон як қатор лоиҳаҳо амалӣ шуда истодаанд ва минбаъд низ онҳо идома меёбанд. Ҳамчунин, дар шаҳри Кӯлоб низ меҳмононро хонандагону сокинон бо самимият пешвоз гирифта, дар саҳни мактаб-интернати ёрирасони рақами 1-и шаҳри Кӯлоб ба хотири номгузории муассисаи мазкур ба номи президенти агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ Садако Огато  маросими пардабардорӣ аз лавҳаи ёдгорӣ баргузор шуд. Дар анҷом меҳмонон бо  шароити таълиму тарбия ва хобгоҳи мактаб-интернати ёрирасони рақами 1-и шаҳри Кӯлоб ба номи Садако Огато  ошноӣ пайдо карданд ва таъкид гардид, ки оянда барои таҳкими пояҳои моддию техникии он чораҳои амалӣ андешида мешавад.{jathumbnail off}


Вернуться назад